Чигуна нархи маҳсулоти хурокворӣ дар Хатлону Суғд тағйир ёфт

Обуна шудан
Тибқи омори расмӣ дар соли гузашта дар вилоятҳои Хатлон ва суғди Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ боло рафтааст
Агентии омори Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки дар соли 2022 нарх ва тарифҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон 4,2% боло рафтанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 3,8% камтар аст.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки соли 2022 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 5,2%, маҳсулоти ғайриозуқа - 4,0% ва тарифҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ - 1,9% боло рафтанд.
Арзон ё гарон: Нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар сол чӣ гуна тағйир ёфт
Ба гуфтаи коршиносон болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи сӯзишворию энергетикӣ боиси мушкилоти зиёд, аз ҷумла афзоиши сатҳи камбизоатӣ (гуруснагӣ) ва дигар нооромиҳои иҷтимоӣ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0