https://sputnik.tj/20230210/kori-najotdihandagon-tojik-turkiya-video-1054824630.html
Кори наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия - видео
Кори наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия - видео
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон навори оғози кори наҷотдиҳандагони тоҷик дар яке аз минтақаҳои харобшудаи Туркияро нашр кард
2023-02-10T13:40+0500
2023-02-10T13:40+0500
2023-02-10T13:40+0500
видео
наҷотдиҳандагон
кҳф
туркия
заминларза
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0a/1054821293_0:119:1280:839_1920x0_80_0_0_251770a1f6385781f2023718027825aa.jpg
Дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия, ки харобиҳои нисбатан бештар дар пайи заминларзаи ахир дорад, имдодгарони тоҷик ба корҳои ҷустуҷу ва наҷот оғоз карданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо нашри як навор иттилоъ дода, афзуд, ки имдодгарон субҳи барвақти 10 феврал ба кор пардохтанд. Таъкид шудааст, ки наҷотдиҳандагони Тоҷикистон бо самаранокии баланд кор мекунанд, зеро хуб медонанд, ки барои наҷоти ҷони инсонҳо ҳар дақиқаву соат ғанимат аст ва ҳар лаҳза метавонад дер шавад.Ба иттилои КҲФ, имдодгарон дар ин кор аз таҷҳизотҳои нави ҷустуҷӯ, воситаҳои техникии замонавӣ, ки бо онҳо муҷаҳҳазанд, истифода мекунанд.Расулзода омодагии Тоҷикистонро барои идомаи кумак ба Туркия баён доштСардори Ситоди бартарафсозии паёмадҳои зилзила дар минтақа, Юсуф Айсу дар мулоқот бо роҳбари гурӯҳи наҷотдиҳандагони тоҷик, генерал-майор Сулаймон Исозода барои кумак изҳори сипос гуфт. Ҷонибҳо макони кори имдодгарони тоҷикро мушаххас кардаанд, ки шаҳри Қаҳрамонмараш буда, ки ҳоло корҳои наҷот дар он ҷо босуръат идома доранд. Маврид ба зикр аст, ки заминларзаи 6 феврал дар Туркия даҳҳо ҳазор куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0a/1054821293_2:0:1278:957_1920x0_80_0_0_39432dceb8424d2a29360612abc22319.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
видео, кор, наҷот, ҷустуҷӯ, тоҷикистон, туркия
видео, кор, наҷот, ҷустуҷӯ, тоҷикистон, туркия
Кори наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия - видео
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон навори оғози кори наҷотдиҳандагони тоҷик дар яке аз минтақаҳои харобшудаи Туркияро нашр кард
Дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия, ки харобиҳои нисбатан бештар дар пайи заминларзаи ахир дорад, имдодгарони тоҷик ба корҳои ҷустуҷу ва наҷот оғоз карданд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо нашри як навор иттилоъ дода, афзуд, ки имдодгарон субҳи барвақти 10 феврал ба кор пардохтанд.
"Дар айни замон 40 нафар наҷотдиҳандагон биноҳои харобгардидаро аз назар мегузаронанд, зери хоку сангтӯдаҳо ва шикастапораҳои бетониро таҳқиқ мекунанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки наҷотдиҳандагони Тоҷикистон бо самаранокии баланд кор мекунанд, зеро хуб медонанд, ки барои наҷоти ҷони инсонҳо ҳар дақиқаву соат ғанимат аст ва ҳар лаҳза метавонад дер шавад.
Ба иттилои КҲФ, имдодгарон дар ин кор аз таҷҳизотҳои нави ҷустуҷӯ, воситаҳои техникии замонавӣ, ки бо онҳо муҷаҳҳазанд, истифода мекунанд.
Сардори Ситоди бартарафсозии паёмадҳои зилзила дар минтақа, Юсуф Айсу дар мулоқот бо роҳбари гурӯҳи наҷотдиҳандагони тоҷик, генерал-майор Сулаймон Исозода барои кумак изҳори сипос гуфт.
Ҷонибҳо макони кори имдодгарони тоҷикро мушаххас кардаанд, ки шаҳри Қаҳрамонмараш буда, ки ҳоло корҳои наҷот дар он ҷо босуръат идома доранд.
Маврид ба зикр аст, ки заминларзаи 6 феврал дар Туркия даҳҳо ҳазор куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.