Терминатори тоҷик ба муборизаи нав омодагӣ мегирад

© Youtube / ACA MMAЦеремония взвешивания, Фаридун Одилов
Церемония взвешивания, Фаридун Одилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2023
Обуна шудан
Ташкилоти Absolute Championship Akhmat набарди навбатии Терминатори тоҷикро эълон кард ва гуфт, ки рақиби ояндаи размикор ки аст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Набарди нави варзишгари тоҷик Фаридун Одилов рӯзи 9 март дар назар аст.
Дар ин бора дафтари матбуоти лигаи ACA, ки Одилов дар он мубориза мебарад, хабар дод.
Рақиби "Терминатори тоҷик" размикори русиягӣ Виталий Немчинов хоҳад буд.
Вохӯрӣ дар Маскав дар доираи мусобиқаи ACA 153 баргузор мешавад: рақибон дар даври чорякфиналии Гран-при дар вазни миёна мубориза хоҳанд бурд.
Фаридун Одилов против Амира Нури - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2023
Терминатори тоҷик эрониро дар даври аввал "нокаут" кард: видео
Немчинов дар давоми фаъолияти варзишиаш 16 қувваозмоӣ карда, 13 ғалаба 3 мағлубият дорад.
Одилов бошад, 15 ғалаба, 2 бохт ва 2 мусовӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки варзишгари тоҷик моҳи декабри соли 2022 бо ширкати Absolute Championship Akhmat шартнома баст. Тибқи шартҳои шартнома, дар доираи лига ӯ бояд 6 қувваозмоӣ гузаронад.
Нахустин рақобати ӯ дар доираи ин ташкилот бо намояндаи Эрон Амир Нурӣ буд, ки бо пирӯзӣ анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0