Рустами Эмомалӣ ғолибони озмунҳои шаҳриро қадрдонӣ мекунад

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПредседатель верхней палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали
Председатель верхней палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2023
Обуна шудан
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардони бо қарори ахири раиси шаҳри Душанбе ғолибони озмунҳои шаҳрӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрии "Мураббии сол-2022" - 10 ҳазор сомонӣ, "Омӯзгори сол-2022"-10 ҳазор сомонӣ ва "Хонандаи сол-2022" - 6 ҳазор сомонӣ дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Тоҷикистон тақдим карда мешаванд.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Қарори раиси шаҳ бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ — маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, омӯзгорон ва мураббиён буда, ғолибони ин озмунҳо дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.
Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории се озмун 11 миллион сомонӣ масраф хоҳад кард
Ёдовар мешавем, ки озмуни "Омӯзгори сол-2022" аз 15 то 17 декабри соли 2022 баргузор гардид, ки дар даври шаҳрии он омӯзгори фанни забони англисии Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фарангез Оддиева сазовори ҷойи якум гардид.
Мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ Малика Саидова дар даври шаҳрии озмуни "Мураббии сол-2022", ки моҳи декабри соли 2022 баргузор гардид, сазовори ҷойи якум гардид.
Дар даври шаҳрии озмуни "Хонандаи сол-2022" хонандаи Гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ Иброҳим Одинаев сазовори ҷойи якум гардид.
Лентаи хабарҳо
0