https://sputnik.tj/20230209/qurboniyon-zaminlarza-turkiyavu-suriya-1054800464.html
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия аз 15 ҳазор нафар гузашт
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия аз 15 ҳазор нафар гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Туркия теъдоди ахири кушташудаҳо, маҷруҳон ва иншооти харобшуда бар асари заминларзаҳои рӯзҳои охир дар ин кишварро эълон кард
2023-02-09T11:13+0500
2023-02-09T11:13+0500
2023-02-09T11:19+0500
туркия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сурия
заминларза
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/06/1054703175_26:0:2275:1265_1920x0_80_0_0_5a0258709892a4e758f8d40d85fb801e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия дар умум ба 15 383 нафар расид.Оҷонси идоракунии ҳолатҳои изтирории Туркия гуфт, бар асари офати табиӣ то кунун теъдоди ҳалокшудаҳо дар кишвар ба 12 391 нафар мерасад.Омори захмиён низ ба таври қобили мулоҳиза афзуда, ба 62 914 танро ташкил медиҳад.Вазъ дар Сурия ба далели мушкилоти интиқоли кумакҳои башардӯстона ва ирсоли наҷотдиҳандагон боз ҳам печидатар аст. Теъдоди умумии кушташудагон дар он ҷо ба 2992 нафар расидааст ва теъдоди дақиқи осебдидагон то ҳол маълум нест.Маврид ба зикр аст, ки субҳи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларзаи 7,7 дараҷаӣ рух дод. Тавре Эрдуғон қайд кард, ин заминҷунбӣ пурқувваттарин аз соли 1939 ба ин сӯ маҳсуб меёбад.Заминларзаҳо дар Туркия қариб 3 рӯз идома кард. Ба дунболи заминларзаи 7,7-балӣ даҳҳо пасларза ба қайд гирифта шудааст, ки қавитарини он ва дар нимаи руз бо тавоноии 7,6-балӣ рух дод.Дар пайи офати табии марговар президенти Туркия мотами ҳафтрӯзаи миллӣ эълон кард, ки интизор меравад то 12 феврал идома хоҳад кард. Дар 10 вилояти аз офати табиӣ осебдида барои се моҳ вазъи изтирорӣ эълон гардид.Заминларза ба Сурия низ осеб расонд. Нисбатан бештар минтақаҳои Алеппо, Латакия, Ҳама ва Тартус осеби ҷиддӣ диданд. Тибқи маълумоти охирини вазорати тандурустии Сурия, бар асари заминҷунбӣ беш аз 1200 нафар кушта, ҳудуди 2 ҳазор нафар маҷрӯҳ гардиданд.Дар робита ба ин мусибат даҳҳо кишвар ба ин давлатҳои зарардида пешниҳоди кумак карданд.Тоҷикистон низ дар ин радиф 50 тан наҷотбахшони ҳирфаияшро бо кумакҳои башардӯстона ба Анқара фиристод, ки то пурра бартараф нашудани оқибатҳои заминларза дар Туркия мемонанд.
https://sputnik.tj/20230207/dushanbe-malum-chand-najotdihanda-turkiya-1054735462.html
туркия
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/06/1054703175_307:0:1994:1265_1920x0_80_0_0_3a532d75a1783f5f2ae4a1644d17c26b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурбониён заминларза туркияв сурия
қурбониён заминларза туркияв сурия
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия аз 15 ҳазор нафар гузашт
11:13 09.02.2023 (Навсозишуда: 11:19 09.02.2023) Президенти Туркия теъдоди ахири кушташудаҳо, маҷруҳон ва иншооти харобшуда бар асари заминларзаҳои рӯзҳои охир дар ин кишварро эълон кард
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия дар умум ба 15 383 нафар расид.
Оҷонси идоракунии ҳолатҳои изтирории Туркия гуфт, бар асари офати табиӣ то кунун теъдоди ҳалокшудаҳо дар кишвар ба 12 391 нафар мерасад.
Омори захмиён низ ба таври қобили мулоҳиза афзуда, ба 62 914 танро ташкил медиҳад.
Вазъ дар Сурия ба далели мушкилоти интиқоли кумакҳои башардӯстона ва ирсоли наҷотдиҳандагон боз ҳам печидатар аст.
Теъдоди умумии кушташудагон дар он ҷо ба 2992 нафар расидааст ва теъдоди дақиқи осебдидагон то ҳол маълум нест.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларзаи 7,7 дараҷаӣ рух дод. Тавре Эрдуғон қайд кард, ин заминҷунбӣ пурқувваттарин аз соли 1939 ба ин сӯ маҳсуб меёбад.
Заминларзаҳо дар Туркия қариб 3 рӯз идома кард. Ба дунболи заминларзаи 7,7-балӣ даҳҳо пасларза ба қайд гирифта шудааст, ки қавитарини он ва дар нимаи руз бо тавоноии 7,6-балӣ рух дод.
Дар пайи офати табии марговар президенти Туркия мотами ҳафтрӯзаи миллӣ эълон кард, ки интизор меравад то 12 феврал идома хоҳад кард. Дар 10 вилояти аз офати табиӣ осебдида барои се моҳ вазъи изтирорӣ эълон гардид.
Заминларза ба Сурия низ осеб расонд. Нисбатан бештар минтақаҳои Алеппо, Латакия, Ҳама ва Тартус осеби ҷиддӣ диданд. Тибқи маълумоти охирини вазорати тандурустии Сурия, бар асари заминҷунбӣ беш аз 1200 нафар кушта, ҳудуди 2 ҳазор нафар маҷрӯҳ гардиданд.
Дар робита ба ин мусибат даҳҳо кишвар ба ин давлатҳои зарардида пешниҳоди кумак карданд.
Тоҷикистон низ дар ин радиф 50 тан наҷотбахшони ҳирфаияшро бо кумакҳои башардӯстона ба Анқара фиристод, ки то пурра бартараф нашудани оқибатҳои заминларза дар Туркия мемонанд.