Масири пурхатар: Роҳи Душанбе Хуҷанд дар чӣ вазъ аст – видео

Обуна шудан
Ширкати "Инновейтив роуд солюшнз", ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар роҳи Душанбе-Чаноқ машғул аст, бо навшри як видео вазъияти роҳро нишон дод
Ба иттилои ин ширкат дар ҳоли ҳозир ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи Душанбе - Чаноқ таъмин аст.
Чанде пеш масъулини ин ширкат хабар дода буданд, ки бинобар пуршиддат будани бориши барф ва мавҷудияти хавфи тармафароӣ, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан маҳдуд карда шуд.
Масъулини ширкат аз шаҳрвандон хоҳиш карданд, ки то аз байн бардоштани маҳдудият ба роҳ набароянд.
Ҳушдори КҲФ аз рӯзҳои хатарнок дар Тоҷикистон
Ширкат баъд аз хабари нашр кардаш, навроеро нашр кард, ки дар он вазъи имрӯзаи роҳ дида мешавад.
Баъд чанд соат ширкат дубора хабар дод, ки ҳаракати нақлиёт, ба ғайр аз автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо дар масири Душанбе - Чаноқ иҷозат дода шуд.
Ва ҳоло ин маҳдудиятҳо пурра бардошта шуд.
Лентаи хабарҳо
0