https://sputnik.tj/20230209/bishkek-muzokirot-marzi-tojikiston-qirghiziston-1054809008.html
Дар Бишкек даври нави музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд
Дар Бишкек даври нави музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ҳукумати Қирғизистон аз фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуму ҳамдигарфаҳмӣ, ки дар мулоқоти ҳайатҳо ҳукмфармо буд, гуфтанд
2023-02-09T15:45+0500
2023-02-09T15:45+0500
2023-02-09T15:45+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
осиёи марказӣ
музокира
баҳси марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:124:2836:1719_1920x0_80_0_0_fc7d649b7045be017a5dd051198e3618.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Бишкек даври навбатии музокирот сурат гирифт, ки дар ҷараёни он масъалаи тақсиму аломатгузории қитъаи умумии марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар додааст. Дар давраи аз 3 то 9 феврал ҳайатҳои иборат аз гурӯҳҳои кории топографӣ ва коршиносони ҳуқуқ масъалаҳои минбаъда оид ба муайян кардани ҳудуди ду давлатро баррасӣ карданд.Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи мулоқот "протоколҳои дахлдор ба имзо расонида шуданд". Дар ҳамин ҳол, намояндагони Қирғизистон ҷузъиёти музокиротро эълон накарданд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 феврал дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон Абдукарим Алимбоев мулоқот карданд. Ҷонибҳо ба чунин хулоса омаданд, ки ҳамаи баҳсҳои ҳудудӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шаванд.Нақшаи чорабиниҳои муштарак ҷиҳати таҳкими эътимод, танзими масъалаҳои фаромарзӣ ва пешгирии амалҳое, ки боиси бад шудани муносибатҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон мешаванд, таҳия ва қабул гардид.
https://sputnik.tj/20230202/vokhuri-tojikiston-qirghiziston-marz-natija-1054652360.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:0:2516:1887_1920x0_80_0_0_c19de0528c7e8c04c05dd842c0a49748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бишкек музокирот марз тоҷикистон қирғизистон
бишкек музокирот марз тоҷикистон қирғизистон
Дар Бишкек даври нави музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд
Намояндагони ҳукумати Қирғизистон аз фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуму ҳамдигарфаҳмӣ, ки дар мулоқоти ҳайатҳо ҳукмфармо буд, гуфтанд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Бишкек даври навбатии музокирот сурат гирифт, ки дар ҷараёни он масъалаи тақсиму аломатгузории қитъаи умумии марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар додааст.
Дар давраи аз 3 то 9 феврал ҳайатҳои иборат аз гурӯҳҳои кории топографӣ ва коршиносони ҳуқуқ масъалаҳои минбаъда оид ба муайян кардани ҳудуди ду давлатро баррасӣ карданд.
"Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор шуд", - изҳор дошт ҳукумати Қирғизистон.
Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи мулоқот "протоколҳои дахлдор ба имзо расонида шуданд".
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Қирғизистон ҷузъиёти музокиротро эълон накарданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 феврал дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон Абдукарим Алимбоев мулоқот карданд.
Ҷонибҳо ба чунин хулоса омаданд, ки ҳамаи баҳсҳои ҳудудӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шаванд.
Нақшаи чорабиниҳои муштарак ҷиҳати таҳкими эътимод, танзими масъалаҳои фаромарзӣ ва пешгирии амалҳое, ки боиси бад шудани муносибатҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон мешаванд, таҳия ва қабул гардид.