https://sputnik.tj/20230208/putin-samt-afzaliyatnok-rushd-ilm-rusiya-nishon-1054795904.html
Путин самтҳои афзалиятноки рушди илмро дар Русия нишон дод
Путин самтҳои афзалиятноки рушди илмро дар Русия нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки зимни интихоби самти афзалиятноки рушди илм дар кишвар бояд омилҳои мухталиф, аз ҷумла фишори беруниро ба назар гирифт
2023-02-08T22:00+0500
2023-02-08T22:00+0500
2023-02-08T22:00+0500
дар русия
технология
илм ва фанноварӣ
владимир путин
истеҳсолот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1f/1053948999_0:155:3164:1936_1920x0_80_0_0_d95d99709488aa26dc7f14f897b422fd.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз олимони кишвар хост, дар интихоби авлавиятҳои илмию технологӣ бодиққат бошанд. Ӯ зимни ҷаласаи Шӯрои илм ва маориф изҳор дошт, ки авлаият бояд бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика ва амният дода шавад. "Мо бояд ба ноил шудан ба ҳадафҳои рушди миллӣ таваҷҷӯҳ кунем, омили фишори берунаро ба инобат гирем ва аз ин рӯ, дар интихоби афзалиятҳои илмию технологии худ ниҳоят эҳтиёткор бошем", - гуфт ӯ. Ба гуфтаи сарвари давлат, пеш аз ҳама, бояд ба технологияҳо ва маҳсулоте таваҷҷуҳ кард, ки кори соҳаи тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, соҳаҳои муҳими саноат, инчунин бахши амниятро таъмин мекунанд. "Дар ин соҳаҳо мо бояд салоҳиятҳои худ, технологияҳои асосии худро дошта бошем. Дар чунин мавзӯъҳои ҳассос мо наметавонем хатари вобастагии шадид аз ниҳодҳои хориҷӣ дошта бошем", - таъкид кард роҳбари давлат. Ин таъкиди президенти Русия дар ҳолест, ки ахиран дар пайи оғози амалиёти вижа дар Украина бисёре аз соҳаҳои кишвар мавриди таҳримҳои хориҷӣ қарор гирифтанд. Президенти Русия қаблан дар пасманзари таҳримҳо изҳор дошт, ки ин фурсати тозае барои рушди технология ва тавлидоти худӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20221221/matvienko-iqtisodi-rusiya-tahrim-gharb-ustuvor-1053672005.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1f/1053948999_435:0:3164:2047_1920x0_80_0_0_e57cf10abfafc9f74f4515e7821e08cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, афзалият, самт, рушд, илм, русия
эълон, афзалият, самт, рушд, илм, русия
Путин самтҳои афзалиятноки рушди илмро дар Русия нишон дод
Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки зимни интихоби самти афзалиятноки рушди илм дар кишвар бояд омилҳои мухталиф, аз ҷумла фишори беруниро ба назар гирифт
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз олимони кишвар хост, дар интихоби авлавиятҳои илмию технологӣ бодиққат бошанд.
Ӯ зимни ҷаласаи Шӯрои илм ва маориф изҳор дошт, ки авлаият бояд бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика ва амният дода шавад.
"Мо бояд ба ноил шудан ба ҳадафҳои рушди миллӣ таваҷҷӯҳ кунем, омили фишори берунаро ба инобат гирем ва аз ин рӯ, дар интихоби афзалиятҳои илмию технологии худ ниҳоят эҳтиёткор бошем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи сарвари давлат, пеш аз ҳама, бояд ба технологияҳо ва маҳсулоте таваҷҷуҳ кард, ки кори соҳаи тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, соҳаҳои муҳими саноат, инчунин бахши амниятро таъмин мекунанд.
"Дар ин соҳаҳо мо бояд салоҳиятҳои худ, технологияҳои асосии худро дошта бошем. Дар чунин мавзӯъҳои ҳассос мо наметавонем хатари вобастагии шадид аз ниҳодҳои хориҷӣ дошта бошем", - таъкид кард роҳбари давлат.
Ин таъкиди президенти Русия дар ҳолест, ки ахиран дар пайи оғози амалиёти вижа дар Украина бисёре аз соҳаҳои кишвар мавриди таҳримҳои хориҷӣ қарор гирифтанд.
Президенти Русия қаблан дар пасманзари таҳримҳо изҳор дошт, ки ин фурсати тозае барои рушди технология ва тавлидоти худӣ мебошад.