https://sputnik.tj/20230208/hushdori-khf-ruzho-khatarnok-tojikiston-1054779616.html
Ҳушдори КҲФ аз рӯзҳои хатарнок дар Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз рӯзҳои хатарнок дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон масирҳоеро дар кишвар ном бурд, ки хатари фаромадани тарма дар онҳо боқӣ мемонад
2023-02-08T16:40+0500
2023-02-08T16:40+0500
2023-02-08T16:40+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
тарма
кҳф
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
барф
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/21/1027942180_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_f3f8a47dcfbc8f7b6efba874b83c515b.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Таҳдиди фаромадани тарма дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 12-уми феврал боқӣ мемонад. Дар ин бора КҲФ, бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода, роҳҳои куҳҳиеро ном бурд, ки дар он ин таҳдид нисбатан бештар аст. Дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб бар асари боришҳо хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад, омадааст дар иттилоияи КҲФ. Ин ниҳод аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ намоянд ва ё сафарҳои безарурати худро муваққатан то беҳ шудани вазъ лағв кунанд.Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Бахусус риояи фосила байни мошинҳо гарави аслии амнияту бехатарии ронандагон ва ҳамсафарони онҳост, таъкид кардаст КҲФ. Ин дар ҳолест, ки ахиран дар масири Душанбе-Варзоб, ки аз тариқи Майхӯра ва Ҳушёрӣ мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.Зикр гардидаст, ки бо мақсади сари вақт бартараф намудани паёмадҳои ин офат техникаи махсуси ширкати роҳи "Innovative Road Solutions" ҷалб карда шуд.
https://sputnik.tj/20220810/khatlon-nafar-ofatho-tabii-tekhnogeni-jon-bokhtand-1050619475.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/21/1027942180_71:0:2802:2048_1920x0_80_0_0_c29f2039a74d654b1a3875d8d605190b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
масир, тарма, тоҷикистон, эълон
масир, тарма, тоҷикистон, эълон
Ҳушдори КҲФ аз рӯзҳои хатарнок дар Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон масирҳоеро дар кишвар ном бурд, ки хатари фаромадани тарма дар онҳо боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Таҳдиди фаромадани тарма дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 12-уми феврал боқӣ мемонад.
Дар ин бора КҲФ, бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода, роҳҳои куҳҳиеро ном бурд, ки дар он ин таҳдид нисбатан бештар аст.
Дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб бар асари боришҳо хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад, омадааст дар иттилоияи КҲФ.
Ин ниҳод аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ намоянд ва ё сафарҳои безарурати худро муваққатан то беҳ шудани вазъ лағв кунанд.
Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Бахусус риояи фосила байни мошинҳо гарави аслии амнияту бехатарии ронандагон ва ҳамсафарони онҳост, таъкид кардаст КҲФ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар масири Душанбе-Варзоб, ки аз тариқи Майхӯра ва Ҳушёрӣ мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Зикр гардидаст, ки бо мақсади сари вақт бартараф намудани паёмадҳои ин офат техникаи махсуси ширкати роҳи "Innovative Road Solutions" ҷалб карда шуд.