https://sputnik.tj/20230208/halokshudaho-erdughon-tedodi-okhiri-turkiya-1054781677.html
Афзоиши қурбониён: Эрдуғон теъдоди охири кушташудаю маҷруҳонро дар Туркия гуфт
Афзоиши қурбониён: Эрдуғон теъдоди охири кушташудаю маҷруҳонро дар Туркия гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Туркия омори охири кушташудаҳо, маҷруҳон ва иншооти харобшуда бар асари заминларзаҳои рӯзи 7 феврал дар ин кишварро эълон кард
2023-02-08T17:15+0500
2023-02-08T17:15+0500
2023-02-08T19:44+0500
дар ҷаҳон
ҳодиса
заминҷунбӣ
таҳдид
қурбон
ҳалок
эрдуғон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048638287_0:119:1875:1173_1920x0_80_0_0_af4a8f135669ef4793bfc289c397f860.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза дар Туркия аз 8,5 ҳазор нафар гузашта, шумораи маҷруҳон наздики 50 ҳазор нафар расид. Омори охири дақиқи қурбониёнро президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни мулоқот бо хабарнигорон баён дошт. Ба иттилои раисҷумҳури Туркия, дар вилоятҳои осебдида 6444 бино тахриб шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки субҳи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларзаи 7,7 дараҷаӣ рух дод. Тавре Эрдуғон қайд кард, ин заминҷунбӣ пурқувваттарин аз соли 1939 ба ин сӯ маҳсуб меёбад. Заминларзаҳо дар Туркия қариб 3 рӯз идома доранд. Ба дунболи заминларзаи 7,7-балӣ даҳҳо пасларза ба қайд гирифта шудааст, ки қавитарини он ва дар нимаи руз бо тавоноии 7,6-балӣ рух дод. Дар пайи офати табии марговар президенти Туркия мотами ҳафтрӯзаи миллӣ эълон кард, ки интизор меравад то 12 феврал идома хоҳад кард. Дар 10 вилояти аз офати табиӣ осебдида барои се моҳ вазъи изтирорӣ эълон гардид. Заминларза ба Сурия низ осеб расонд. Нисбатан бештар минтақаҳои Алеппо, Латакия, Ҳама ва Тартус осеби ҷиддӣ диданд. Тибқи маълумоти охирини вазорати тандурустии Сурия, бар асари заминҷунбӣ беш аз 1200 нафар кушта, ҳудуди 2 ҳазор нафар маҷрӯҳ гардиданд.
https://sputnik.tj/20230208/prezident-akademiya-khatari-zilzilaho-tojikiston-1054773027.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048638287_75:0:1798:1292_1920x0_80_0_0_75fc50c1c86e629da84dac2b0828c0ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, теъдод, ҳалокшудагон, маҷруҳон, туркия
эълон, теъдод, ҳалокшудагон, маҷруҳон, туркия
Афзоиши қурбониён: Эрдуғон теъдоди охири кушташудаю маҷруҳонро дар Туркия гуфт
17:15 08.02.2023 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Раисҷумҳури Туркия омори охири кушташудаҳо, маҷруҳон ва иншооти харобшуда бар асари заминларзаҳои рӯзи 7 феврал дар ин кишварро эълон кард
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза дар Туркия аз 8,5 ҳазор нафар гузашта, шумораи маҷруҳон наздики 50 ҳазор нафар расид.
Омори охири дақиқи қурбониёнро президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни мулоқот бо хабарнигорон баён дошт.
"Тибқи маълумоти охирин, 8 ҳазору 574 нафар кушта ва 49 ҳазору 133 нафар маҷрӯҳ шуданд", - гуфт ӯ дар брифинг.
Ба иттилои раисҷумҳури Туркия, дар вилоятҳои осебдида 6444 бино тахриб шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларзаи 7,7 дараҷаӣ рух дод. Тавре Эрдуғон қайд кард, ин заминҷунбӣ пурқувваттарин аз соли 1939 ба ин сӯ маҳсуб меёбад.
Заминларзаҳо дар Туркия қариб 3 рӯз идома доранд. Ба дунболи заминларзаи 7,7-балӣ даҳҳо пасларза ба қайд гирифта шудааст, ки қавитарини он ва дар нимаи руз бо тавоноии 7,6-балӣ рух дод.
Дар пайи офати табии марговар президенти Туркия мотами ҳафтрӯзаи миллӣ эълон кард, ки интизор меравад то 12 феврал идома хоҳад кард. Дар 10 вилояти аз офати табиӣ осебдида барои се моҳ вазъи изтирорӣ эълон гардид.
Заминларза ба Сурия низ осеб расонд. Нисбатан бештар минтақаҳои Алеппо, Латакия, Ҳама ва Тартус осеби ҷиддӣ диданд. Тибқи маълумоти охирини вазорати тандурустии Сурия, бар асари заминҷунбӣ беш аз 1200 нафар кушта, ҳудуди 2 ҳазор нафар маҷрӯҳ гардиданд.