https://sputnik.tj/20230207/suporish-prezident-narkh-internet-aloqa-mobili-arzon-1054734666.html
Нархи интернету алоқаи мобилӣ арзон мешавад? посухи раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Нархи интернету алоқаи мобилӣ арзон мешавад? посухи раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз дастури президент гуфт, ки бар асоси он бояд нархи ҳам интернет ва ҳам алоқаи мобилӣ поён бурда шавад
2023-02-07T18:00+0500
2023-02-07T18:00+0500
2023-02-07T18:00+0500
дар тоҷикистон
алоқа
хадамоти зиддиинҳисорӣ
интернет
нарх
арзон
хадамоти алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032750205_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_ba4f2b66581a54aa7bbe555a079a6949.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба чораандешӣ барои поин бурдани нархи интернет ва алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ оғоз кардааст. Дар ин бораи раиси ниҳоди мазкур, Абдулмаҷид Муминзод зини нишасти матбуотӣ иттилооъ дод. Ба гуфтаи ӯ, масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқа ба таҳлили вазъи соҳа пардохта, барои иҷрои дастури раисҷумҳур чораандешӣ доранд. Вай таъкид намуд, ки бо супориши раисҷумҳур на танҳо нархи интернет балки алоқаи мобилӣ низ бояд арзон шавад. Муминзод зикр намуд, ки бори охир нархи хадамоти интернет соли 2018-ум тасдиқ шудааст ва аз навгониҳо дар ин бахш оммаро баъдан огоҳ хоҳанд кард. Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран аз сифати интернету алоқа ва нархи он изҳори норозигӣ карда буд. Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш дод, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад.Хадамоти алоқа барои коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифадор гардид.Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа дар ҷумҳурӣ 3,6 млрд сомониро ташкил медиҳад. Даромади корхонаҳои соҳаи алоқаи Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуди 3,1 млрд сомонӣ арзёбӣ шуда буд.
https://sputnik.tj/20230130/zamima-sababi-sust-surati-internet-tojikiston-1054569522.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032750205_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_ebbd0870d0679d3b311f92f2f167305f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, муминзода, поин, алоқа, интернет
шарҳ, муминзода, поин, алоқа, интернет
Нархи интернету алоқаи мобилӣ арзон мешавад? посухи раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз дастури президент гуфт, ки бар асоси он бояд нархи ҳам интернет ва ҳам алоқаи мобилӣ поён бурда шавад
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба чораандешӣ барои поин бурдани нархи интернет ва алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ оғоз кардааст.
Дар ин бораи раиси ниҳоди мазкур, Абдулмаҷид Муминзод зини нишасти матбуотӣ иттилооъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқа ба таҳлили вазъи соҳа пардохта, барои иҷрои дастури раисҷумҳур чораандешӣ доранд. Вай таъкид намуд, ки бо супориши раисҷумҳур на танҳо нархи интернет балки алоқаи мобилӣ низ бояд арзон шавад.
Муминзод зикр намуд, ки бори охир нархи хадамоти интернет соли 2018-ум тасдиқ шудааст ва аз навгониҳо дар ин бахш оммаро баъдан огоҳ хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран аз сифати интернету алоқа ва нархи он изҳори норозигӣ карда буд. Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш дод, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад.
Хадамоти алоқа барои коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифадор гардид.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа дар ҷумҳурӣ 3,6 млрд сомониро ташкил медиҳад. Даромади корхонаҳои соҳаи алоқаи Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуди 3,1 млрд сомонӣ арзёбӣ шуда буд.