Мошинҳои кӣ ях баст?: Тоҷикстандарт дар бораи антифризҳои бесифат гуфт

© Sputnik / Игорь ЛекаркинВывеска на здании "Таджикстандарт". Архивное фото
Вывеска на здании Таджикстандарт. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Обуна шудан
Дар фасли сармо истифодаи антифризи баландсифат яке аз умдатарин маводе маҳсуб мешавад, ки ронандаҳо бештар аз ҳар вақти дигар ниёз ба он пайдо мекунанд
ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Сармои шадиди як моҳи пеш, хабарҳо атрофи ба фурӯш даромадани антифризҳои тақаллубӣ ва аз ин ҳисоб яхбандии автомобилҳо дар шабакаҳои интернетӣ зиёд чарх мезад.
Масъулони Идораи Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд гуфтанд, ки давоми соли гузашта чи қадар чунин антифризҳои пастсифатро аз фурӯшгоҳҳо боз доштанд.
Сардори Тоҷикистандарт дар вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов, дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, ки дар се ҳолат ҳудуди ним тон чунин маводи бесифати зиддияхбандии автомобилҳоро мусодира шудааст.

“Давоми соли 2022 дар умум 468 протоколҳои ташхиси сифати маҳсулот тартиб дода шудааст, ки дар 28 протокол антифризҳо мебошанд ва аз ин шумора дар протокол 500 кило антифризҳои номутобиқ ва пастсифат ошкор гардид” – гуфт ӯ.

Муҳиддинов гуфт, зимни санҷиши онҳо ошкор шудааст, ки дар таркиби чунин маводи ба фурӯш баровардашуда мавриди кристалшавӣ зиёд дида мешуд, ки ин ҳолат дар сармои шадид қобилияти гармнигоҳдории радиатори автомобилро кам намуда боиси яхкунӣ мешавад.
Школьная ярмарка на рынке в Душанбе, 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2022
"Тоҷикстандарт": Сифати либоси мактабӣ дар Тоҷикистон беҳбуд мехоҳад
Ӯ ба хотири ҳифзи шаъну эътибори аз ширкатҳои тавлидкунандаи чунин маводи пастсифат худдорӣ кард.
Сардори идораи Тоҷикистандарт дар мавриди чанд адад яхкунии муҳаррикӣ автомобилҳо аз ҳисоби истифодаи чунин қабил антифризҳои номутобиқ изҳори беиттилоӣ кард. Вай ва аз ронандаҳо даъват кард, ки дар ҳоли дучор шудан ба ин мушкил ба онҳо муроҷиат кунанд.
Антфриз ва дигар равғанҳои молидании муҳаррикӣ автомобилҳо ба Тоҷикистон асосан аз кишварҳои хориҷ аз Русия, Олмон ва Қазоқистон ворид мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0