https://sputnik.tj/20230207/dastur-emomali-rahmon-kumak-turkiya-ruzho-sakht-1054730937.html
Дастури Эмомалӣ Раҳмон: Наҷотдиҳандагони тоҷик ба кумаки осебдидагони Туркия мераванд
Дастури Эмомалӣ Раҳмон: Наҷотдиҳандагони тоҷик ба кумаки осебдидагони Туркия мераванд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомоти кишвар ба ҷониби Туркия дар бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовари маргбор кумак кунанд
2023-02-07T11:40+0500
2023-02-07T11:40+0500
2023-02-07T11:40+0500
дар тоҷикистон
наҷотдиҳандагон
кумита
ситоди ҳолатҳои фавқулодда
кҳф
туркия
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101411/80/1014118002_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_6c98e782e3bb7985321a6821e7032491.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тоҷикистон наҷотдиҳандагони худро ба Туркия мефиристад, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ. Мақомоти тоҷик аз роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтаанд, ки ба кумаки Туркия шитобанд, иттилоъ дод сухангӯи КҲФ, Умеда Юсупова ба Sputnik Тоҷикистон. "Феълан дар Вазорати умури хориҷӣ бо супориши роҳбари давлат ҷиҳати фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик ба Туркия ҷаласа ҷараён дорад, ки дар он роҳбари КҲФ Рустам Назарзода низ ҳузур дорад", - афзуд Юсупова.Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳои охир теъдоди кушташудагони заминҷунбии мудҳиш дар Туркия ва Сурия аз 4 ҳазор нафар гузашт.Мақомоти Туркия ҳисобот додаанд, ки то ҳол аз харобаҳои заминларза дар кишвар беш аз 2900 ҷасад пайдо шудааст. Ҳамзамон мақомоти Сурия аз кушта шудани 711 нафар хабар дода, зикр намуданд, дар манотиқе, ки таҳти назорати Димишқ қарор надорад, инчунин 733 сокини дигар ҷон бохтанд.Заминларзаи ахир, ки ҳазорҳо нафарро кушту теъдоди зиёди иншоотро хароб намуд, аз қавитарин ҷунбиши заминҳо дар таърихи Туркия арзёбӣ мегардад. Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар пайи заминларзаи харобиовар дар кишвар то 12 феврали соли равон мотами миллӣ эълон кард.
https://sputnik.tj/20230207/turkiya-zaminlarza-takon-qurboniyon-1054728363.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101411/80/1014118002_392:0:1593:901_1920x0_80_0_0_af2e43900c10bc983f42dcee939c0352.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кумак, осебдидагон, туркия, наҷотдиҳандагон, кҳф
тоҷикистон, кумак, осебдидагон, туркия, наҷотдиҳандагон, кҳф
Дастури Эмомалӣ Раҳмон: Наҷотдиҳандагони тоҷик ба кумаки осебдидагони Туркия мераванд
Раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомоти кишвар ба ҷониби Туркия дар бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовари маргбор кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тоҷикистон наҷотдиҳандагони худро ба Туркия мефиристад, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ.
Мақомоти тоҷик аз роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтаанд, ки ба кумаки Туркия шитобанд, иттилоъ дод сухангӯи КҲФ, Умеда Юсупова ба Sputnik Тоҷикистон.
"Феълан дар Вазорати умури хориҷӣ бо супориши роҳбари давлат ҷиҳати фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик ба Туркия ҷаласа ҷараён дорад, ки дар он роҳбари КҲФ Рустам Назарзода низ ҳузур дорад", - афзуд Юсупова.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳои охир теъдоди кушташудагони заминҷунбии мудҳиш дар Туркия ва Сурия аз 4 ҳазор нафар гузашт.
Мақомоти Туркия ҳисобот додаанд, ки то ҳол аз харобаҳои заминларза дар кишвар беш аз 2900 ҷасад пайдо шудааст.
Ҳамзамон мақомоти Сурия аз кушта шудани 711 нафар хабар дода, зикр намуданд, дар манотиқе, ки таҳти назорати Димишқ қарор надорад, инчунин 733 сокини дигар ҷон бохтанд.
Заминларзаи ахир, ки ҳазорҳо нафарро кушту теъдоди зиёди иншоотро хароб намуд, аз қавитарин ҷунбиши заминҳо дар таърихи Туркия арзёбӣ мегардад.
Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар пайи заминларзаи харобиовар дар кишвар то 12 феврали соли равон мотами миллӣ эълон кард.