https://sputnik.tj/20230206/tojikistoniyon-osebdidagon-zaminlarza-turkiya-tahqiq-1054713088.html
Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандонашро миёни осебдидагони заминларза дар Туркия мушаххас мекунад
Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандонашро миёни осебдидагони заминларза дар Туркия мушаххас мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз иттилое дар мавриди ҷой доштани шаҳрвандони ин кишвар миёни кушташудагону маҷруҳони заминларзаро надорад
2023-02-06T15:30+0500
2023-02-06T15:30+0500
2023-02-06T15:33+0500
дар тоҷикистон
туркия
таҳқиқ
осеб
ҳалокат
сафорат
шаҳрванд
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/06/1054701718_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_ec469174eee5b4b396115418306284ad.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Cафорати Тоҷикистон дар Туркия паёмадҳои заминларзаи харобиовари маргборро пайгирӣ карда, бо мақомоти кишвари мизбон дар тамос мебошад. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дипломатҳои тоҷик дар ҳамкорӣ бо мақомоти Туркия ҳузури шаҳрвандони кишварро миёни осебдидагону кушташудаҳо таҳқиқ мекунанд. Феълан иттилое дар мавриди ҷой доштани шаҳрвандон миёни осебдидагон нест. “Аз ҳалоку маҷруҳшудагони заминларза миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз маълумот нарасидааст”, - афзуд манбаъ.Ин дар ҳолест, ки шумораи қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия соат ба соат афзоиш ёфтааст. Бар асоси гузоришҳои охир, теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Сурия ва Туркия дар маҷмуъ зиёда аз 1100 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Туркия теъдоди ҳалокшудаҳоро беш аз 900 нафар ва маҷруҳонашонро зиёда аз 5 ҳазори дигар гуфтанд. Заминларза субҳи 6 феврал дар ҷануби Туркия дар Қаҳрамонмараш ба вуқӯъ пайваст, манотиқи атрофро низ такон дод. Шиддати заминларза то 7,4 - 7,8 бал арзёбӣ мешавад, ки марази он дар умқи 18 километр, тақрибан 33 километрии шаҳри Газиантеп будааст.Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин заминларза қавитарин аз соли 1995 инҷониб мебошад. Он дар Кипр, Лубнон ва Миср эҳсос карда шудаст.Пизишкон ва гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ба маҳалли харобшуда дар Туркия рафтанд.Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҳамаи шаҳрвандони аз заминларза осебдида ҳамдардӣ баён карда, изҳори умед намуд, ки кишвар ин офати табииро бо талафоти кам ва ҳарчи зудтар паси сар хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20230206/qurboniyon-zaminlarza-nafar-guzasht-1054711275.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/06/1054701718_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_e8016c50a04cd3ec4436a0cee1c8506e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, паёмад, заминларза, пайгирӣ, таҳқиқ, туркия
душанбе, паёмад, заминларза, пайгирӣ, таҳқиқ, туркия
Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандонашро миёни осебдидагони заминларза дар Туркия мушаххас мекунад
15:30 06.02.2023 (Навсозишуда: 15:33 06.02.2023) Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз иттилое дар мавриди ҷой доштани шаҳрвандони ин кишвар миёни кушташудагону маҷруҳони заминларзаро надорад
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Cафорати Тоҷикистон дар Туркия паёмадҳои заминларзаи харобиовари маргборро пайгирӣ карда, бо мақомоти кишвари мизбон дар тамос мебошад.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дипломатҳои тоҷик дар ҳамкорӣ бо мақомоти Туркия ҳузури шаҳрвандони кишварро миёни осебдидагону кушташудаҳо таҳқиқ мекунанд. Феълан иттилое дар мавриди ҷой доштани шаҳрвандон миёни осебдидагон нест.
“Аз ҳалоку маҷруҳшудагони заминларза миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз маълумот нарасидааст”, - афзуд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки шумораи қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия соат ба соат афзоиш ёфтааст.
Бар асоси гузоришҳои охир, теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Сурия ва Туркия дар маҷмуъ зиёда аз 1100 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Туркия теъдоди ҳалокшудаҳоро беш аз 900 нафар ва маҷруҳонашонро зиёда аз 5 ҳазори дигар гуфтанд.
Заминларза субҳи 6 феврал дар ҷануби Туркия дар Қаҳрамонмараш ба вуқӯъ пайваст, манотиқи атрофро низ такон дод. Шиддати заминларза то 7,4 - 7,8 бал арзёбӣ мешавад, ки марази он дар умқи 18 километр, тақрибан 33 километрии шаҳри Газиантеп будааст.
Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин заминларза қавитарин аз соли 1995 инҷониб мебошад. Он дар Кипр, Лубнон ва Миср эҳсос карда шудаст.
Пизишкон ва гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ба маҳалли харобшуда дар Туркия рафтанд.
Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҳамаи шаҳрвандони аз заминларза осебдида ҳамдардӣ баён карда, изҳори умед намуд, ки кишвар ин офати табииро бо талафоти кам ва ҳарчи зудтар паси сар хоҳад кард.