Харҷи туйҳо афзудааст: масъулони шаҳри Бӯстон сабаби онро гуфтанд

© Sputnik / Sputnik \ Амир ИсаевПраздник Сада в Душанбе 2021
Праздник Сада в Душанбе 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Обуна шудан
Ҳукумати шаҳри Бӯстон мегӯяд, ки шумори баргузории туй ва маросимҳои мардумӣ ба таври назаррас кам шудааст, вале харҷи онҳо ба маротиб афзудааст
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Ҳукумати шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ сабаби зиёдшавии харҷӣ баргузории маъракаву маросимҳои мардумиро шарҳ доданд.
Ба иттилои мақомот, дар ин шаҳри шимоли Тоҷикистон шумори баргузории туй ва маросимҳои мардумӣ кам, вале харҷи онҳо афзудааст.
Достон Диловарзода, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Бӯстон ба суоли рӯзноманигорон сабаби зиёдшавии харҷи туйҳоро гуфт.

“Хароҷоти туйҳо аз ҳисоби нархи хизматрасонии тарабхонаҳо, ҳофизон ва дигарон, ки барои баргузории маъракаҳои мардумӣ хизмат мерасонанд баланд шудааст” – тавзеҳ дод Диловарзода.

Ин масъули ҳукумат ҳамчунин зикр кард, ки баланд шудани нархҳои маҳсулоти бозорӣ ҳам ба афзудани харҷи маъракаҳо таъсир расонидааст.
Священный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2023
Дар Хуҷанд тӯю маърака каму хароҷот зиёд шудааст
Бино ба иттилоъи манбаъ давоми соли 2022 дар шаҳри Бӯстон баргузории 166 маърака сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли қабл 53 адад кам будааст.
Ин дар ҳолест, ки дар ин давра баргузории маъракаҳои мардумӣ 863, 2 ҳазор сомонӣ сарф шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021- 95, 3 ҳазор сомонӣ зиёд гуфта мешавад.
Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон зимнан дар шаҳрҳои бузурги Суғд арзиши туйхонаҳо аз 4 то 10 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад ва бо зам шудани хизматрасониҳои дигар аз ҷумла рост кардани дастурхон ва омода намудани таом аз ҳисоби туйхонадорон ин рақамҳо то ба 15 ва 25 ҳазор сомонӣ мерасад.
Нархи сарояндаҳо, ки сокинон барои баргузории туйҳо дар Хуҷанд даъват мекунанд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0