Шарҳи IRS дар бораи вазъият дар роҳи Душанбе - Хуҷанд

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати IRSТехника на трассе Душанбе - Чанак
Техника на трассе Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2023
Обуна шудан
Ширкати "Инновейтив роуд солюшнз", ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар роҳи пайвандгари Душанбею шимоли Тоҷикистон машғул аст, вазъиятро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 5 фев – Sputnik. Ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқ, ки қаблан маҳдуд шуда буд, аз сар гирифта шуд, хабар дод ширкати IRS.
Ба иттилои манбаъ, тармаҳо, ки дар қисмҳои гуногуни ин масир фаромада буданд, тоза карда шуда, ҳоло ҳаракат аз ду самт барои ҳамаи намуди нақлиёт барқарор шудаст.
Бо фаро расидани мавсими барфрезию тармафароӣ ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе - Хуҷанд борҳост, ки мутаваққиф мегардад.
Ширкати IRS қаблан хабар дода буд, ки дар оғози феврал дар қитъаи аз километри 52 то 73-юми ин роҳ ҳудуди 45 тармаи хурду калон фаромада буданд.
Электрообогреватель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
КҲФ: Дар сардиҳо қоидаҳои бехтарии сӯхторро риоя намоеду неруи барқро сарфа кунед
Таъкид шуд, ки ин ширкат якҷоя бо КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёт тасмим гирифт, ки ҳаракати ҳама намуди нақлиёт дар шоҳроҳ муваққатан маҳдуд карда шавад.
Дар пайи маҳдудияти чандрӯза хабар дода шуд, ки баъди равон кардани техникаи махсус ҳаракат дубора қисман аз сар гирифта шуд.
Ширкат аз ронандагон даъват намудааст, ки дар роҳ эҳтиёткор бошанду қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд.
Дар ҳамин ҳол Агенти обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳушдор додаст, ки дар баъзе минтақаҳои мамлакат ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0