https://sputnik.tj/20230203/takhir-bezarargardonii-lampa-simobdor-tojikiston-maqomot-1054669269.html
Таъхир дар безараргардонии лампаҳои симобдор дар Тоҷикистон: мақомот чӣ нақша доранд?
Таъхир дар безараргардонии лампаҳои симобдор дар Тоҷикистон: мақомот чӣ нақша доранд?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти хоҷагию манзилию коммуналии Тоҷикистон эътироф карданд, ки дар безараргардонии лампаҳои симобдор таъхиркорӣ сурат гирифтааст
2023-02-03T13:30+0500
2023-02-03T13:30+0500
2023-02-03T13:34+0500
дар тоҷикистон
лампаҳои каммасраф
қарор
раиси хоҷагӣ
манзил
квд “хоҷагии манзилию коммуналӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102472/68/1024726827_0:235:3073:1963_1920x0_80_0_0_55bab35c010ca54f3cd39bfe55272a91.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Тоҷикистон барои безараргардонии лампаҳои симобдори хатарзо, ки замоне барои истифодааш аҳолиро маҷбур мекарданд, ду адад дастгоҳи сайёр ворид карданист.Дар ин бора масъули Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон, Аҳлиддин Хоҷаев зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ гуфт, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дастгоҳҳои сайёрро ба он хотир ворид мекунанд, ки зарурати ҷамъоварияшон аз навоҳӣ пеш наояд. “Ин ба он хотир аст, ки дигар лампаҳоро аз навоҳӣ наоварем, балки дар ҳамон ҷой безарар гардонем”, - тавзеҳ дод Хоҷаев. Ӯ зикр намуд, ки тибқи қарори ҳукумат ва қоидаҳои нигоҳдории лампаҳо, онҳо набояд зиёда аз шаш моҳ нигоҳдорӣ шаванд ва афзуд, ки феълан каме таъхир дар безараргардонияшон сурат гирифтаст. Хоҷаев изҳор дошт, таъхиркорӣ дар безараргардонии лампаҳои симобдор ба таъхир дар вуруди дастгоҳ, камбуди мутахассис ва дигар омилҳо раб дорад. "Лампаҳо аз муҳлат зиёдтар нигоҳдорӣ шуд, аммо ба ягон нафар хушбахтона зарар нарасидааст ва ҳоло безараргардонӣ оғоз гардид", - гуфт ӯ. Зикр шуд, ки дар маҷмуъ дар анбори нигоҳдории лампаҳои симобдори корношоям 1 млну 700 ҳазор адад ҷамъоварӣ шуданд, ки 230 ҳазорашон безарар гардонда шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки ахиран ҳукумат вуруд ва фурӯши лампаҳои симобдорро дар ҷумҳурӣ мамнуъ кард.
https://sputnik.tj/20230131/limit-barq-tojikiston-rasman-elon-barqi-tojik-1054606828.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102472/68/1024726827_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_df2af6accc1d470d417a65325351d411.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъхир, безарар, лампа, симобдор
таъхир, безарар, лампа, симобдор
Таъхир дар безараргардонии лампаҳои симобдор дар Тоҷикистон: мақомот чӣ нақша доранд?
13:30 03.02.2023 (Навсозишуда: 13:34 03.02.2023) Мақомоти хоҷагию манзилию коммуналии Тоҷикистон эътироф карданд, ки дар безараргардонии лампаҳои симобдор таъхиркорӣ сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Тоҷикистон барои безараргардонии лампаҳои симобдори хатарзо, ки замоне барои истифодааш аҳолиро маҷбур мекарданд, ду адад дастгоҳи сайёр ворид карданист.
Дар ин бора масъули Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон, Аҳлиддин Хоҷаев зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дастгоҳҳои сайёрро ба он хотир ворид мекунанд, ки зарурати ҷамъоварияшон аз навоҳӣ пеш наояд.
“Ин ба он хотир аст, ки дигар лампаҳоро аз навоҳӣ наоварем, балки дар ҳамон ҷой безарар гардонем”, - тавзеҳ дод Хоҷаев.
Ӯ зикр намуд, ки тибқи қарори ҳукумат ва қоидаҳои нигоҳдории лампаҳо, онҳо набояд зиёда аз шаш моҳ нигоҳдорӣ шаванд ва афзуд, ки феълан каме таъхир дар безараргардонияшон сурат гирифтаст.
Хоҷаев изҳор дошт, таъхиркорӣ дар безараргардонии лампаҳои симобдор ба таъхир дар вуруди дастгоҳ, камбуди мутахассис ва дигар омилҳо раб дорад.
"Лампаҳо аз муҳлат зиёдтар нигоҳдорӣ шуд, аммо ба ягон нафар хушбахтона зарар нарасидааст ва ҳоло безараргардонӣ оғоз гардид", - гуфт ӯ.
Зикр шуд, ки дар маҷмуъ дар анбори нигоҳдории лампаҳои симобдори корношоям 1 млну 700 ҳазор адад ҷамъоварӣ шуданд, ки 230 ҳазорашон безарар гардонда шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран ҳукумат вуруд ва фурӯши лампаҳои симобдорро дар ҷумҳурӣ мамнуъ кард.