https://sputnik.tj/20230203/sohibkoronbevijdon-paniri-rusi-tojikiston-1054658048.html
“Соҳибкорони бевиҷдон”: панири русӣ чаро ба Тоҷикистон намерасад?
“Соҳибкорони бевиҷдон”: панири русӣ чаро ба Тоҷикистон намерасад?
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз манъи воридоти беш аз 50 тон панири истеҳсоли Русия хабар дод
2023-02-03T09:02+0500
2023-02-03T09:02+0500
2023-02-08T19:47+0500
дар тоҷикистон
соҳибкор
воридот
панир
манъ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/02/1054657718_0:317:3079:2048_1920x0_80_0_0_80bf7a57b2bdbaf37d68be9ce46c02bc.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Кумита инро кори “соҳибкорони бевиҷдон” ва сабаби аслиро дар адами мошинҳои махсус медонад.Тоҳир Давлатов, сардори раёсати марзии Кумитаи амнияти озуқаворӣ, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, тайи як соли равон ва бештар аз ҳама ҳафтаи гузашта дар посгоҳҳои марзии кишвар як ҳаҷми қобили мулоҳизаи панири пастсифати истеҳсоли Русия ошкор ва бозпас гардонда шудааст.Тибқи иттилоъи ӯ, дар гузашта панири пастсифати истеҳсоли Русия дар ҳаҷми 14 тону 300 килов дар гузаргоҳи марзии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода ва ҳафтаи гузашта дар ду маврид, як бор дар ҳаҷми 20 ва бори дигар, 19 тону 267 кило дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и ноҳияи Масчоҳ ошкор ва бозпас гардонда шудааст.Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи амнияти озуқаворӣ, дар шарҳи ин мавзуъ гуфт, баргардонидани панир ва дигар амволи ғизоии тиҷорӣ аксаран ба хунукназарии соҳибкорон дар нигаҳдории онҳо бастагӣ дорад.“Соҳибкороне ҳастанд, ки мошинҳои махсус – рефреҷераторҳо - яхдон доранду маводро дар ҳарорати зарурӣ нигаҳ медоранд ва моли худро тариқи онҳо интиқол медиҳанд. Аммо иддае ҳам беэътиборӣ мекунанду аз яхдонҳо истифода намекунанд ва моли онҳо ё нобуд, ё бозпас гардонда мешавад", - афзуд ӯ. Аммо бархе соҳибкорони бевиҷдон ҳам ҳастанд, ки маҳсулоти бекоршударо бо нархи арзон ба даст оварда, мехоҳанд онро дар бозорҳои Тоҷикистон пул кунад, таъкид намуд Файзуллозода.Тибқи иттилои Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон, дар гузаргоҳҳои марзӣ ва бозорҳои кишвар 65 озмоишгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар маҷмуъ 239 тон маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнокро ошкор ва мусодираву нобуд карда, ё бозпас гардондаанд.Бино ба омори ин ниҳод, аз умдатарин мавориди дигар дар гузаргоҳҳои марзӣ бозпас гардондани 91,5 тон молу маҳсулоти гуногун, аксаран, доруву ваксина дар гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод”, ки аснодашон қобили эътимод набудааст ва ҳам 9 ҳазору 600 кило сирпиёзи пӯсидаи Покистон дар гузаргоҳи марзии “Панҷи Поён” аст.Дар умум, тайи соли гузашта дар робита ба амволи воридотии пастсифат алайҳи 111 соҳибкор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо 164 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
https://sputnik.tj/20230202/kushtor-ijbori-murgon-sabab-kambud-tukhm-1054657134.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/02/1054657718_162:0:2893:2048_1920x0_80_0_0_9c2b031658f9a219b1625702bf211415.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, панир, русӣ, соҳибкор, истеҳсол, манъ, воридот
тоҷикистон, панир, русӣ, соҳибкор, истеҳсол, манъ, воридот
“Соҳибкорони бевиҷдон”: панири русӣ чаро ба Тоҷикистон намерасад?
09:02 03.02.2023 (Навсозишуда: 19:47 08.02.2023) Эксклюзив
Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз манъи воридоти беш аз 50 тон панири истеҳсоли Русия хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Кумита инро кори “соҳибкорони бевиҷдон” ва сабаби аслиро дар адами мошинҳои махсус медонад.
Тоҳир Давлатов, сардори раёсати марзии Кумитаи амнияти озуқаворӣ, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, тайи як соли равон ва бештар аз ҳама ҳафтаи гузашта дар посгоҳҳои марзии кишвар як ҳаҷми қобили мулоҳизаи панири пастсифати истеҳсоли Русия ошкор ва бозпас гардонда шудааст.
“Вақте мутахассисони мо озмоиш гузаронданд, маълум шуд, ки панир сифати паст дошта, ба саломатии инсон хатарнок аст ва қобили истифода нест. Аммо ба панире, ки сифати меъёрӣ дорад, ҳатман иҷозаи вуруд дода мешавад”, - гуфт Тоҳир Давлатов.
Тибқи иттилоъи ӯ, дар гузашта панири пастсифати истеҳсоли Русия дар ҳаҷми 14 тону 300 килов дар гузаргоҳи марзии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода ва ҳафтаи гузашта дар ду маврид, як бор дар ҳаҷми 20 ва бори дигар, 19 тону 267 кило дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и ноҳияи Масчоҳ ошкор ва бозпас гардонда шудааст.
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи амнияти озуқаворӣ, дар шарҳи ин мавзуъ гуфт, баргардонидани панир ва дигар амволи ғизоии тиҷорӣ аксаран ба хунукназарии соҳибкорон дар нигаҳдории онҳо бастагӣ дорад.
“Соҳибкороне ҳастанд, ки мошинҳои махсус – рефреҷераторҳо - яхдон доранду маводро дар ҳарорати зарурӣ нигаҳ медоранд ва моли худро тариқи онҳо интиқол медиҳанд. Аммо иддае ҳам беэътиборӣ мекунанду аз яхдонҳо истифода намекунанд ва моли онҳо ё нобуд, ё бозпас гардонда мешавад", - афзуд ӯ.
Аммо бархе соҳибкорони бевиҷдон ҳам ҳастанд, ки маҳсулоти бекоршударо бо нархи арзон ба даст оварда, мехоҳанд онро дар бозорҳои Тоҷикистон пул кунад, таъкид намуд Файзуллозода.
Тибқи иттилои Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон, дар гузаргоҳҳои марзӣ ва бозорҳои кишвар 65 озмоишгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар маҷмуъ 239 тон маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнокро ошкор ва мусодираву нобуд карда, ё бозпас гардондаанд.
Бино ба омори ин ниҳод, аз умдатарин мавориди дигар дар гузаргоҳҳои марзӣ бозпас гардондани 91,5 тон молу маҳсулоти гуногун, аксаран, доруву ваксина дар гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод”, ки аснодашон қобили эътимод набудааст ва ҳам 9 ҳазору 600 кило сирпиёзи пӯсидаи Покистон дар гузаргоҳи марзии “Панҷи Поён” аст.
Дар умум, тайи соли гузашта дар робита ба амволи воридотии пастсифат алайҳи 111 соҳибкор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо 164 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.