https://sputnik.tj/20230203/oshkori-nazdik-ba-900-hazor-kg-mahsuloti-gunoguni-ba-talabot-javobgu-nabuda-dar-soli-2022-1054679539.html
Ошкори наздик ба 900 ҳазор кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набуда дар соли 2022
Ошкори наздик ба 900 ҳазор кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набуда дар соли 2022
Sputnik Тоҷикистон
Соли 2022 Агентии “Тоҷикстандарт” эълон кардааст, ки наздик ба 888 ҳазор кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набударо ба қайд гирифт
2023-02-03T22:00+0500
2023-02-03T22:00+0500
2023-02-03T22:00+0500
дар тоҷикистон
маҳсулот
пастсифат
маҳсулоти пастсифат
қайд
тоҷикстандарт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032782450_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_3850870b76e5b97cd0f64285e3ed3bd6.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Мутахассисони Агентии “Тоҷикстандарт” соли сипаригардида дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба миқдори 887 ҳазору 932 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набударо ба қайд гирифтанд, гуфт директори Агентии “Тоҷикстандарт” Темурҷон Абдулваҳобзода зимни нишасти матбуотӣ.Ба гуфтаи вай як қисми ин маҳсулот - 854 ҳазору 062 кг аз ҷиҳати бехатарӣ ва 33 ҳазору 870 кг аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд.Вай қайд кард, ки дар ин давра бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот дар бораи риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истемолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёдтар карда шудааст.“Дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии 53 ҳазор кг маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид карда шуд”,- илова кард Темурҷон Абдулваҳобзода.Ҳамзамон вай зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва раванди гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, вориду фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 2807 ҳолат ба маблағи 693 ҳазору 612 сомонӣ ҷарима таъйин гардида, маблағҳои мазкур ба буҷаи давлатӣ пардохт карда шуданд.
https://sputnik.tj/20221215/khujand-sohibkoron-voridot-pastsifat-khuddori-1053531538.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032782450_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_205ba4380928f9a6677f6a74110fb758.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тоҷикстандарт, маҳсулот, пастсифат, маҳсулоти гуногун, ошкор,
тоҷикистон, тоҷикстандарт, маҳсулот, пастсифат, маҳсулоти гуногун, ошкор,
Ошкори наздик ба 900 ҳазор кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набуда дар соли 2022
Соли 2022 Агентии “Тоҷикстандарт” эълон кардааст, ки наздик ба 888 ҳазор кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набударо ба қайд гирифт
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Мутахассисони Агентии “Тоҷикстандарт” соли сипаригардида дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба миқдори 887 ҳазору 932 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набударо ба қайд гирифтанд, гуфт директори Агентии “Тоҷикстандарт” Темурҷон Абдулваҳобзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи вай як қисми ин маҳсулот - 854 ҳазору 062 кг аз ҷиҳати бехатарӣ ва 33 ҳазору 870 кг аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд.
Вай қайд кард, ки дар ин давра бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот дар бораи риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истемолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёдтар карда шудааст.
“Дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии 53 ҳазор кг маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид карда шуд”,- илова кард Темурҷон Абдулваҳобзода.
Ҳамзамон вай зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва раванди гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, вориду фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 2807 ҳолат ба маблағи 693 ҳазору 612 сомонӣ ҷарима таъйин гардида, маблағҳои мазкур ба буҷаи давлатӣ пардохт карда шуданд.