https://sputnik.tj/20230203/muntakhab-ramzii-tojikiston-hama-davru-zamon-1054670735.html
Ба дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистон дар ҳама давру замон кӣ дохил шуд?
Ба дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистон дар ҳама давру замон кӣ дохил шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистонро дар ҳама давру замон эълон кард
2023-02-03T14:35+0500
2023-02-03T14:35+0500
2023-02-03T14:35+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
мунтахаб
таърих
рамз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/11/1052887348_0:150:3374:2048_1920x0_80_0_0_e8fd73cbca8cac571f362153fbff5c8d.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Мутобиқи сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол, ба дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистон дар ҳама давру замон футболбозони бошгоҳи машҳури “Помир”-и Душанбе дохил шуданд.Аз рӯи фарзияи IFFHS ба дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистон дарвозабон Валерий Саричев, ҳимоятгарон Ҳаким Фузайлов, Рашид Раҳимов, Леонид Кириленко, Алексей Чередник, нимҳимоятгарон Александр Азимов, Олег Ширинбеков, Владимир Ғуломҳайдаров, Эдгар Гесс, ҳамлагарон Муҳсин Муҳаммадиев ва Валерий Турсунов.Ёдовар мешавем, ки Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (International Federation of Football History & Statistics) созмонест, ки солномаи таърихи футболро тартиб медиҳад.Тибқи иттилоие, ки дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст IFFHS соли 1984 дар Лейпсиги Олмон аз ҷониби доктор Алфредо Пёге таъсис ёфтааст.Дар ҳоли ҳозир президентӣ ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ Шайх Солеҳ Салим Баҳвинӣ мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/11/1052887348_643:0:3374:2048_1920x0_80_0_0_df432fed7f57d2c729912f61a9d75b5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, футбол, мунтахаб, омор, рамзӣ, ҳама давру замон, эълон, федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол
тоҷикистон, футбол, мунтахаб, омор, рамзӣ, ҳама давру замон, эълон, федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол
Ба дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистон дар ҳама давру замон кӣ дохил шуд?
Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистонро дар ҳама давру замон эълон кард
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Мутобиқи сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол, ба дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистон дар ҳама давру замон футболбозони бошгоҳи машҳури “Помир”-и Душанбе дохил шуданд.
Аз рӯи фарзияи IFFHS ба дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистон дарвозабон Валерий Саричев, ҳимоятгарон Ҳаким Фузайлов, Рашид Раҳимов, Леонид Кириленко, Алексей Чередник, нимҳимоятгарон Александр Азимов, Олег Ширинбеков, Владимир Ғуломҳайдаров, Эдгар Гесс, ҳамлагарон Муҳсин Муҳаммадиев ва Валерий Турсунов.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (International Federation of Football History & Statistics) созмонест, ки солномаи таърихи футболро тартиб медиҳад.
Тибқи иттилоие, ки дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст IFFHS соли 1984 дар Лейпсиги Олмон аз ҷониби доктор Алфредо Пёге таъсис ёфтааст.
Дар ҳоли ҳозир президентӣ ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ Шайх Солеҳ Салим Баҳвинӣ мебошад.