Медведев: Қарзи берунаи Украина ба 200 миллиард доллар мерасад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗампред Совбеза РФ Д. Медведев
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2023
Обуна шудан
Муовини раҳбари Шзрои амнияти Русия пешгӯи кардааст, ки қарзи давлатии Украина то охири соли равон ба 180-200 миллиард доллар хоҳад расид
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Қарзи давлатии Украина то охири соли равон аз 107 то ба 180-200 миллиард доллар афзоиш хоҳад ёфт, гуфт Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия.
Ба гуфтаи вай ҳатто умедҳои хурд барои барқароршавии иқтисодии ин кишвар вуҷуд надорад.
"Қарзи давлатии Украина то охири соли ҷорӣ аз 107 то ба 180-200 миллиард доллар афзоиш хоҳад ёфт. Ҳатто умедҳои кучак барои барқароршавии иқтисоди ин кишвар вуҷуд надорад", — навиштааст ӯ дар канали Telegram-и худ.
Медведев барои Украина "суқути саноат, гипертаваррум, фақр ва бекории куллӣ" пешгӯӣ кард.
Министр иностранных дел России Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Маскав ба СПАД барои кумак дар амалиёти вижа дар Украина муроҷиат накардааст
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0