https://sputnik.tj/20230203/bemori-dushanbe-vorid-bemori-surkhcha-sankt-peterburg-1054672371.html
Беморӣ аз Душанбе: Сабти нахустин мавриди вориди бемории сурхча ба Санкт-Петербург
Беморӣ аз Душанбе: Сабти нахустин мавриди вориди бемории сурхча ба Санкт-Петербург
Sputnik Тоҷикистон
Дар Санкт-Петербург нахустин мавриди гирифтории тоҷикистонӣ ба бемории сурхча, ки ахиран аз шаҳри Душанбе ба ин шаҳр ворид гаштааст, ба қайд гирифта шудааст
2023-02-03T15:40+0500
2023-02-03T15:40+0500
2023-02-08T19:47+0500
дар тоҷикистон
бемор
сурхча
санкт-петербург
тоҷик
духтар
ворид
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102276/67/1022766786_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_48cfeba829135eae3d8014452200f34b.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Аввалин мавриди воридоти бемории сурхча дар соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург сабт шуд, онро як духтари тоҷик, ки аз Душанбе омадааст бо худ ворид кардааст.Дар ин бора дафтари матбуоти Роспотребнадзори шаҳри Санкт-Петербург тасдиқ кардааст.Як духтари 17-сола рӯзи 19 январ аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз кард ва пас аз як ҳафта бо мошини ёрии таъҷилӣ ба муассисаи тиббӣ интиқол ёфт.Табибони ин беморхона беморро ташхис карда, муайян карданд, ки вай ба бемории сурхча гирифтор шудааст. Ин аввалин ҳодисаи сироятёбӣ дар пойтахти шимолӣ буд.Ҳоло бемор дар беморхонаи бемориҳои сироятӣ бистарӣ шудааст. Мутахассисони шӯъба аллакай тафтишоти санитарию эпидемиологиро оғоз кардаанд.Маълум аст, ки ин сокини шаҳри Санкт-Петербург дар як оилаи бо ду фарзанди дигар зиндагӣ мекунад.Илова бар ин, 180 мусофир бо духтари сироятшуда парвоз кардаанд, ки 10 нафари онҳо аз дигар минтақаҳои Русия буданд. Онҳо аллакай аз хатарҳо огоҳ карда шуда, дар бораи зарурати моякӯбӣ огоҳ карда шудаанд.Ҳамчунин, ба сокинони манзиле, ки бемор дар он зиндагӣ мекунад, маълумот дар бораи макони моякӯбӣ шуданашон алайҳи ин беморӣ маълумот доданд.
https://sputnik.tj/20230115/vazorat-tandurusti-marg-shashgonik-sughd-sharh-1054209201.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102276/67/1022766786_17:0:917:675_1920x0_80_0_0_ef24d401c0e352f57cf3b642e8b13e8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, санкт-петербург, сурхча, душанбе, ворид, беморӣ, духтар
тоҷикистон, санкт-петербург, сурхча, душанбе, ворид, беморӣ, духтар
Беморӣ аз Душанбе: Сабти нахустин мавриди вориди бемории сурхча ба Санкт-Петербург
15:40 03.02.2023 (Навсозишуда: 19:47 08.02.2023) Дар Санкт-Петербург нахустин мавриди гирифтории тоҷикистонӣ ба бемории сурхча, ки ахиран аз шаҳри Душанбе ба ин шаҳр ворид гаштааст, ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Аввалин мавриди воридоти бемории сурхча дар соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург сабт шуд, онро як духтари тоҷик, ки аз Душанбе омадааст бо худ ворид кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Роспотребнадзори шаҳри Санкт-Петербург тасдиқ кардааст.
Як духтари 17-сола рӯзи 19 январ аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз кард ва пас аз як ҳафта бо мошини ёрии таъҷилӣ ба муассисаи тиббӣ интиқол ёфт.
Табибони ин беморхона беморро ташхис карда, муайян карданд, ки вай ба бемории сурхча гирифтор шудааст. Ин аввалин ҳодисаи сироятёбӣ дар пойтахти шимолӣ буд.
Ҳоло бемор дар беморхонаи бемориҳои сироятӣ бистарӣ шудааст. Мутахассисони шӯъба аллакай тафтишоти санитарию эпидемиологиро оғоз кардаанд.
Маълум аст, ки ин сокини шаҳри Санкт-Петербург дар як оилаи бо ду фарзанди дигар зиндагӣ мекунад.
Илова бар ин, 180 мусофир бо духтари сироятшуда парвоз кардаанд, ки 10 нафари онҳо аз дигар минтақаҳои Русия буданд. Онҳо аллакай аз хатарҳо огоҳ карда шуда, дар бораи зарурати моякӯбӣ огоҳ карда шудаанд.
Ҳамчунин, ба сокинони манзиле, ки бемор дар он зиндагӣ мекунад, маълумот дар бораи макони моякӯбӣ шуданашон алайҳи ин беморӣ маълумот доданд.