Арзон ё гарон: Нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар сол чӣ гуна тағйир ёфт

Обуна шудан
Тибқи омори расмӣ дар соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ боло рафтааст. Маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 5,2% гаронтар шудааст
Дар соли 2022 нарх ва тарифҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон 4,2% боло рафтанд, ки 3,8% камтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Мизони таваррум дар соли гузашта нисбатан пасттар аз соли 2013 аст, ки он замон 3,7%-ро ташкил дода буд. Соли 2022 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 5,2%, маҳсулоти ғайриозуқа - 4,0% ва тарифҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ - 1,9% боло рафтанд.
Маълум шуд, чаро нархи пиёз дар Тоҷикистон гарон шуд - видео
Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шуда буд.
Дар соли 2023 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху тарифҳо дар назар аст.
Пиёз дар Осиёи Марказӣ камёфт шуд: Чаро?
Ба гуфтаи коршиносон болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи сӯзишворию энергетикӣ боиси мушкилоти зиёд, аз ҷумла афзоиши сатҳи камбизоатӣ (гуруснагӣ) ва дигар нооромиҳои иҷтимоӣ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0