https://sputnik.tj/20230202/vazir-maorif-khonandagon-tatil-ilovagi-ruzho-sard-jubron-1054639020.html
Вазорат: Таътили тобистона бинобар истироҳати иловагӣ дар рӯзҳои сард кам намешавад
Вазорат: Таътили тобистона бинобар истироҳати иловагӣ дар рӯзҳои сард кам намешавад
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои истироҳатии иловагии моҳи январ барои хонандагон, ки бинобар сардиҳои шадид дода шуд, аз ҳисоби таътили тобистона ҷуброн нахоҳад шуд
2023-02-02T10:25+0500
2023-02-02T10:25+0500
2023-02-02T10:38+0500
вазорати маорифу илми тоҷикистон
таътил
дарс
мактаб
истироҳат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032512106_0:0:2818:1586_1920x0_80_0_0_babd7aed2d699199146b108d80f5faf9.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Хонандагони макотиби миёнаи кишвар чун қоида дар вақти муаяншуда ба таътили тобистона мераванд.Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маорифи кишвар дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дода, гуфт, ки рӯзҳои истироҳатии иловагии январӣ бинобар сардиҳо ба таътили тобистона таъсир намерасонад.Ба гуфтаи ӯ, 10 рӯзи истироҳатии иловагии хонандагон, ки ба далели сардии ҳаво дода шуд, дар панҷ рӯзи таътили моҳи март ва се рӯзи чоряки чорум ҷуброн карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки ба далели сармои шадид дар мактабу боғчаҳои Тоҷикистон Вазорати маориф таътили зимистонаро аввал то 16 январ ва баъдан то 20 январ тамдид карда буд. Дар пайи рӯзҳои таътили иловагӣ вазорат гуфт, ки дарсҳое, ки бинобар таътил сурат нагирифтанд, аз рӯи ҷадвали алоҳидаи тасдиқшудаи дарсҳои иловагӣ ба таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн мешавад. Ба иттилои вазир ҳоло дар Тоҷикистон 126 354 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки аз он 81 ҳазору 822 нафараш зан мебошад.Теъдоди муҳассилин бошад, ба 2 млн 232 114 нафар мерасад.
https://sputnik.tj/20230114/vazorati-maorif-tatili-zimistonaro-daroztar-kard-to-kay-1054196119.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032512106_245:0:2750:1879_1920x0_80_0_0_2d9bc522e1bced7b938ca0842b77fcf9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорат таътил тобистона истироҳат иловагӣ рӯзҳо сард
вазорат таътил тобистона истироҳат иловагӣ рӯзҳо сард
Вазорат: Таътили тобистона бинобар истироҳати иловагӣ дар рӯзҳои сард кам намешавад
10:25 02.02.2023 (Навсозишуда: 10:38 02.02.2023) Рӯзҳои истироҳатии иловагии моҳи январ барои хонандагон, ки бинобар сардиҳои шадид дода шуд, аз ҳисоби таътили тобистона ҷуброн нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Хонандагони макотиби миёнаи кишвар чун қоида дар вақти муаяншуда ба таътили тобистона мераванд.
Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маорифи кишвар дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дода, гуфт, ки рӯзҳои истироҳатии иловагии январӣ бинобар сардиҳо ба таътили тобистона таъсир намерасонад.
"Таътили тобистона бинобар рӯзҳои истироҳатии фасли сармо кам намешавад. Сар аз 1-июн хонандагони макотиб ба истироҳат мераванд", - афзуд манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, 10 рӯзи истироҳатии иловагии хонандагон, ки ба далели сардии ҳаво дода шуд, дар панҷ рӯзи таътили моҳи март ва се рӯзи чоряки чорум ҷуброн карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ба далели сармои шадид дар мактабу боғчаҳои Тоҷикистон Вазорати маориф таътили зимистонаро аввал то 16 январ ва баъдан то 20 январ тамдид карда буд.
Дар пайи рӯзҳои таътили иловагӣ вазорат гуфт, ки дарсҳое, ки бинобар таътил сурат нагирифтанд, аз рӯи ҷадвали алоҳидаи тасдиқшудаи дарсҳои иловагӣ ба таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн мешавад.
Ба иттилои вазир ҳоло дар Тоҷикистон 126 354 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки аз он 81 ҳазору 822 нафараш зан мебошад.
Теъдоди муҳассилин бошад, ба 2 млн 232 114 нафар мерасад.