Бо дастури президент: дар Тоҷикистон зарари сармои ахирро ҳисоб мекунанд

© Pixabay/fabe-lauЗамерзшие яблоки, архивное фото
Замерзшие яблоки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
Обуна шудан
Гуруҳи корӣ дар ҳамдастӣ бо вазорати киҳшоварзӣ ҳам майдони боғҳо ва ҳам анборҳои захиравии маҳсулоту ғалладонагиҳоро санҷида, зарарро муаян мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои муаян сохтани зарари сардиҳои моҳи январ гуруҳи махсуси корӣ ташкил шудааст.
Дар ин бора Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи амнияти озуқаворӣ дар нишасти матбуотияш хабар дода гуфт, ин бо дастури раисҷумҳури кишвар сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд Оҷонсии ҳавошиносӣ пешакӣ фаро расидани сардиҳои шадидро пешгӯӣ кард ва мардум то андозае тайёр буд, вале дар бозорҳо садҳо тонна маҳсулоти кишоварзиро сармо зад.
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Маълум шуд, чаро нархи пиёз дар Тоҷикистон гарон шуд - видео
Номбурда гуфт, бинобар сармозадагӣ 17 тонна картошка, ▪6,1 тонна сабзӣ, 6, 695 тонна пиёз,14,7 тонна мевагӣ талаф ёфта, аз муомилот бардошта шуд.
Ҳамзамон ба таъкиди мавсуф, 362 тонна картошкаи тухмиро дар навоҳои картошкапарвари Шаҳристону Деваштич сармо задааст
"Ҳоло гурӯҳи корие, ки барои муайян кардани зарари хунукиҳо ба маҳсулоти кишоварзӣ таъсис ёфтааст, дар ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон фаъолият доранд", - гуфт Файзуллозода.
Раиси кумита афзуд, ки сардиҳо дар баробари маҳсулот ба чорво низ расид, ки фавти 26 сар чорвои хурд ва 15 сар қутос дар навоҳии Рошқалъаву Шуғнони ВМКБ аз ин шаҳодат медиҳад.
Гуфта мешавад, гуруҳи корӣ на танҳо зарари молу маҳсулот, балки таъсири сардиҳо ба майдони боғҳоро низ мавриди санҷиш қарор хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0