"Тоҷик Эйр" 2 ҳавопайморо ба иҷора гирифтанист: Расулзода чӣ мегӯяд?

© Foto / Официальный сайт авиакомпании Tajik Air / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
Обуна шудан
Ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" ба далели вазъи бади молию техникӣ, ки ягон ҳавопаймои коршоям надорад, дар соли 2022 низ парвозҳои мунтазам анҷом надодаст
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ширкати "Тоҷик Эйр" ният дорад парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои мусофирбарӣ аз сар гирад.
Ба иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, раёсати "Тоҷик Эйр" пешниҳодҳояшро барои эҳёи фаъолияташон ба сарвазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода, ки раиси Шӯрои нозирони ҷамъияти мазкур мебошад, пешниҳод кардааст.
Иттилоъ дода шуд, ки "Тоҷик Эйр" бо назардошти вазъи феълӣ ҳамкориҳояшро бо ширкати ҳавопаймоии "Southwind"-и Туркия барои ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймои "Airbus" ба роҳ мондаст.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати мазкур ба далели мушкилоти техникию молиявӣ аз сентябри соли 2020 ба ин сӯ аз анҷоми парвозҳои мунтазам канор мондааст.
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
Афзоиши дубаробарӣ: Фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба зиёда аз 3 млн мусофир хизмат расондаанд
Ба иттилои Агентии авиатсия, "Тоҷик Эйр" дар соли 2022 танҳо парвозҳои махсуси литер "А"-ро бо чархболҳои Ми-8 АМТ ва Ми-172 анҷом додааст. Парвозҳои литер "А" интиқоли бору афроди муҳимро дар назар дорад.
Нақша барои бозгашти "Тоҷик Эйр" ба бозори мусофиркашӣ дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2022 Дилшод Исматуллозодаро аз роҳбарии ин ширкат барканор карда, ба ҷояш Парвиз Шодмонзодаро таъйин намуд.
Инчунин ахиран дар Тоҷикистон бо вуруди тағйирот ба Кодекси андоз барои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ зимни вуруди ҳавопаймо, сӯзишворӣ ва таҷҳизоташон сабукиҳо доданд.
Лентаи хабарҳо
0