Ёде аз қаҳрамонон: Дар Исфара 13 мактабро ба номи қурбониёни муноқишаи марзӣ мегузоранд

© Sputnik / Амир ИсаевШкольники идут по улице города Душанбе
Школьники идут по улице города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
Обуна шудан
Масъулони ҳукумати Исфара, ҳадафи ин тасмимро гиромидошти ному ёди сарбозону афсароне медонанд, ки дар муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ қурбон шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Шаҳрдори Исфара дар бораи номгузори шудани 13 мактаби шаҳр ба номи қурбониёни муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ иттилоъ дод.
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси Исфара гуфт, ки инҳо 13 сарбозу афсароне буданд, ки дар муноқишаи моҳи сентябри соли 2022 дар вақти задухурдҳо дар сарҳад ба шаҳодат расиданд.
“Инҳо зодагони шаҳру навоҳии кишвар аз ҷумла аз маркази ҷумҳурӣ, вилоятҳои МКБ ва Хатлон буданд, ки дар вақти рухдоди муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ шарафмандона қурбон шуданд. Ба хотири гиромидошти ёди онҳо мо мактабҳоро ба номи онҳо номгузорӣ мекунем” - зикр кард, шаҳрдори Исфара.
Баҳодурзода таъкид намуд, ки барои ин тасмим ба унвонии вазири маориф пешниҳод намудаанд.
Ҳукумати шаҳри Исфара бо зикри ин хабар, ному насаби қурбониёни муноқишаи марзиро, ки дар мактабҳо гузошта шавандаро дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, ки чунин аст:
Иқбол Тешаев, сухангӯи расмии раиси шаҳри Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Таъсиси ҷоиза ба номи Иқбол Тешаев дар Тоҷикистон
Мактаби №10-и шаҳри Исфара ба номи Султонов Ҳодихон, МТМУ №49-и шаҳри Исфара ба номи Абдурақибзода Абдулвафо, МТМУ №64-и шаҳри Исфара ба номи Набиев Нусратуллоҳ, МТМУ №34-и шаҳри Исфара ба номи Асқаров Насруллохӯҷа, МТМУ №22-и шаҳри Исфара ба номи Одинаев Муҳаммадҷон, МТМУ №25-и шаҳри Исфара ба номи Абдунабиев Ғолибҷон гузошта мешавад.
Инчунин мактаби № 53 – и шаҳри Исфара ба номи Миралиев Меҳроҷиддин мактаби №24-и шаҳри Исфара ба номи Мирзоев Аловиддин, мактаби №47-и шаҳри Исфара ба номи Назаров Сайҷалол, мактаби №74-и шаҳри Исфара ба номи Тешаев Иқбол, мактаби №62-и шаҳри Исфара ба номи Юсупов Мурод, мактаби №13-и шаҳри Исфара ба номи Тоҷидинов Орифҷон ва мактаби №60-и шаҳри Исфара ба номи Болтаев Меҳрузиддин гузошта хоҳад шуд.
Чанде қабл, вакилони Исфара дар бораи номгузори шудани 11 кӯчаву маҳаллаи шаҳр ба номи қурбониёни даргириҳои марзӣ қарор содир карда буданд.
Инҳо дар маҳаллаи маҳаллаи 13-уми Исфара яке аз кӯчаҳо ба номи марҳум Шарипов Абдулатиф – собиқ ронандаи мошинаи "Ёрии таъҷилӣ", ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ дар вақти рухдоди таниши марзӣ ба шаҳодат расида буд, гузошта шудааст.
Дар ҷамоати Чоркуҳ як қисми кӯчаи Навободи поён ба номи Махкамов Ҳикматулло, қисми дигари кӯчаи мазкур ба номи Ҳошимзода Иброҳим, кӯчаи Масҷиди миёна ба номи Шаропов Ҳасанхон, кӯчаи Лангари Бӯстон ба номи Ваҳҳобов Собир гузошта шудаст.
Баҳоваддин Баҳодурзода - раиси шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
Раиси Исфара чораҳои раҳоёбии шаҳр аз субвенсияро гуфт
Инчунин кӯчаи Лангари Хайробод номи Қаландаров Манучеҳр, як қисми кӯчаи Ибод Файзуллоев номи Ниёзов Ҳакимбой, кӯчаи Чакалак номи Эшонов Далер ва кӯчаи Сомониён номи Набиев Нусратуллоро гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки номбурдаҳо рӯзи 28 ба 29 апрели соли 2021 дар пайи муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон сари дарғоти Обтақсим, маъруф ба "Головной" ба шаҳодат расидаанд.
Ҳадаф аз қарорҳои мазкури вакилони Исфара, абадӣ гардонидани номҳои шаҳрвандони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки манфиати ҷамъияту Ватанро аз манфиати шахсӣ боло гузошта, барои ҳифзи марзу буми кишвар, манзилу маҳал ва деҳаи худ ҷони хешро нисор кардаанд.
Дар баробари ин бо назардошти хизматҳои бисёрсолаю бенуқсон, саҳми арзанда дар тарақиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳоти Исфара, кӯчаи "Гулистон"-и Ҷамоати деҳоти Ворух ба номи корманди шоистаи Тоҷикистон шодравон Абдусамад Шомирсаидов гузошта шудаст.
Инчунин бо мақсади абадӣ гардонидани номи собиқадори меҳнат, марҳум Давлатов Бобосӯфӣ, ки дар обод намудани мавзеи Кехи Ҷамоати деҳоти Ворух, бунёди роҳу иншооти маишӣ саҳми назаррас гузоштааст, яке аз кӯчаҳои маҳаллаи навбунёди Кех номи ӯро гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол беш аз 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад. Номуайянӣ баъзан ба рухдоди муноқишаҳои марзи ва куштор аз ҳар ду ҷониб боис гардидааст.
Раиси шаҳри Исфара дар нишасти матбуотӣ вазъи сарҳадро ором арзёбӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0