https://sputnik.tj/20230131/tojikiston-uzbekiston-kamtar-gaz-kharid-1054589041.html
Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар соли гузашта камтар газ харидааст
Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар соли гузашта камтар газ харидааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон сабаби кам ворид шудани газ дар соли гузаштаро ба дертар оғоз намудани воридоти он аз Ӯзбекистон, арзёбӣ кард
2023-01-31T09:02+0500
2023-01-31T09:02+0500
2023-01-31T09:02+0500
дар тоҷикистон
энергетика
газ
барқ
воридот
харидорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1f/1032563363_0:200:1920:1280_1920x0_80_0_0_9f54a2d2d717a3c33b7fe4c08788b487.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Соли гузашта дар асоси шартномаи тарафайн аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 193 млн метри мукааб гази табиӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 нисбатан камтар аст, гуфт дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар нишасти матбуотӣ.Вазири энергетика таносуби гази дар солҳои 2021 ва 2022 воридшударо нагуфт, аммо таъкид намуд, ки сабаби кам ворид шудани газ дертар оғоз намудани воридоти он аз ин кишвар аст.Дар ҳамин ҳол, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар робита ба содироти барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон гуфт, ки “содироти барқ ба Ӯзбекистон характери мавсимӣ дорад ва то моҳи апрел шартнома имзо мешавад.“Албатта, байни содироти барқ ва воридоти газ як тавозуни хуб муайян шудааст”,- гуфт ӯ.Ҳамзамон Далер Ҷумъа дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2022-юм 1 млн 249, 4 ҳазор тонна маҳсулоти нефтӣ ва гази моеъ ба кишвар ворид гардид, ки аз ин 319,8 ҳазор тонна бензин, 387,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 59,9 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, 0,08 ҳазор тонна мазут, 28,4 ҳазор тонна битум, 15,5 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ, 1,2 ҳазор тонна дигар намуди маҳсулоти нафтӣ, 40,6 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 396,7 ҳазор тонна гази моеъ мебошад.Воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ нисбат ба соли 2021-ум 153,3 ҳазор тонна ва ё 14 дарсад зиёд шудааст.
https://sputnik.tj/20230126/uzbekiston-sozishi-navi-gaz-bo-rusiyaro-barrasi-dorad-1054503254.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1f/1032563363_527:311:1819:1280_1920x0_80_0_0_93f07e8a27a7a69d98dbbe25fbc487db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, энергетика, газ, харидорӣ, ӯзбекистон, воридот, кам
тоҷикистон, энергетика, газ, харидорӣ, ӯзбекистон, воридот, кам
Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар соли гузашта камтар газ харидааст
Мақомоти Тоҷикистон сабаби кам ворид шудани газ дар соли гузаштаро ба дертар оғоз намудани воридоти он аз Ӯзбекистон, арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Соли гузашта дар асоси шартномаи тарафайн аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 193 млн метри мукааб гази табиӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 нисбатан камтар аст, гуфт дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар нишасти матбуотӣ.
Вазири энергетика таносуби гази дар солҳои 2021 ва 2022 воридшударо нагуфт, аммо таъкид намуд, ки сабаби кам ворид шудани газ дертар оғоз намудани воридоти он аз ин кишвар аст.
“Шартномаи воридоти газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бе тағйиру илова дар соли 2023 қабул шуд. Танҳо дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 камтар газ ворид шуд. Сабабаш ин аст, ки мо соли 2021 воридотро барвақттар сар кардем, имсол дертар”, - гуфт Далер Ҷумъа.
Дар ҳамин ҳол, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар робита ба содироти барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон гуфт, ки “содироти барқ ба Ӯзбекистон характери мавсимӣ дорад ва то моҳи апрел шартнома имзо мешавад.
“Албатта, байни содироти барқ ва воридоти газ як тавозуни хуб муайян шудааст”,- гуфт ӯ.
Ҳамзамон Далер Ҷумъа дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2022-юм 1 млн 249, 4 ҳазор тонна маҳсулоти нефтӣ ва гази моеъ ба кишвар ворид гардид, ки аз ин 319,8 ҳазор тонна бензин, 387,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 59,9 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, 0,08 ҳазор тонна мазут, 28,4 ҳазор тонна битум, 15,5 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ, 1,2 ҳазор тонна дигар намуди маҳсулоти нафтӣ, 40,6 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 396,7 ҳазор тонна гази моеъ мебошад.
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ нисбат ба соли 2021-ум 153,3 ҳазор тонна ва ё 14 дарсад зиёд шудааст.