Бо супориши президент: Бег Сабур барои санҷиши антенаҳо ба Бадахшон рафтаст

© Foto / Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонРаиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2023
Обуна шудан
Ошноӣ бо вазъи антену фиристандаҳои мухобиротӣ дар минтақа ва ҳам раванди азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ аз ҳадафҳои сафар гуфта шуданд
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад. Тобеинаш мегӯянд, маҳз ба ҳамин далел раис ин бор низ дар нишасти матбуотии солонаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ширкат накард.
Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев, дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба суол, ки “Бег Сабур, раиси Хадамот, куҷост?”, гуфт, вай барои иҷрои супоришҳои раисҷумҳур ба ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дурдасттарин минтақаи кишвар рафтааст.
"Муҳтарам раиси Хадамоти алоқа дар раъси як гуруҳи корӣ ба он ҷо барои санҷишу баррасии мушкилоти алоқа рафтааст", - изҳор дошт Атоев.
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2023
Муҳлат 2 ҳафтаи дигар монд: Беш аз 2 млн симкорт ҳанӯз аз сабти дигарбора нагузаштаанд
Вай афзуд, аз ҷумла дар барномаи сафар, ошноӣ бо вазъи антену фиристандаҳои мухобиротӣ дар минтақа ва ҳам раванди иҷрои қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ мебошад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ ба парлумон аз сатҳи хизматрасонӣ, қимат ва сифати алоқаи мобиливу интернетӣ шадидан интиқод карда, супориш дода буд, ки Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилии кишвар фаъолияти худро пурзӯр кунанд.
Зоҳиран, сафари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ба Мурғоб, дурдасттарин ва дар айни ҳол сардтарин ноҳияи кӯҳистонии Тоҷикистон гувоҳӣ аз ҷиддӣ гирифта шудани ин супориши раисҷумҳур аст.
Лентаи хабарҳо
0