Ба Хуҷанд электробусҳо ворид мекунанд. Оё мушкили мусофирбарӣ ҳал мешавад?

© Sputnik / Амир ИсаевВ салоне нового троллейбуса в Душанбе
В салоне нового троллейбуса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2023
Обуна шудан
Раиси маркази маъмурии вилояти Суғд далели аз фаъолият бозмондани бархе автобусҳои мусофирбар дар шаҳрро тавзеҳ дода, роҳҳалро баён дошт
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Мушкили камбуди маводи сӯхт - солярка боиси аз ҳаракат мондани даҳҳо автобус дар Хуҷанд гардидааст, изҳор дошт шаҳрдор, Фирдавс Шарифзода.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин мушкил аз соли гузашта дар пайи ҷаҳиши нархи маводи сӯхт ба миён омада, ҳоло аз сар гирифта шуд.
“Соли ҷорӣ, барои хариди сӯзишворӣ ҳар моҳ маблағ ҷудо карда мешавад ва ба ин тартиб мушкили камбуди ҳаракати автобусҳо бартараф мешавад” - гуфт раиси Хуҷанд.
Шарифзода инчунин иттилоъ дод, ки дар соли ҷорӣ хариди 50 электробус ба нақша гирифта шудааст.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки бо вуруди воситаҳои барқии нақлиёт, вазъи мусофиркашонӣ дар шаҳр беҳбуд хоҳад ёфт.
“Дар умум 150 автобуси мусофиркаш ба ҳаракат омода карда шуда, реҷаи кори онҳо тибқи меъёрӣ ҷаҳонӣ, яъне дар 3 – 5 дақиқа як автобус барои кашонидани мусофирон ба истгоҳ ҳозир хоҳад шуд” - афзуд, шаҳрдор.
Худжанд, снег и холода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Шаҳрдории Хуҷанд гуфт, ба зимистон чӣ гуна омодагӣ дид
Ин маротибаи аввал нест, ки масъулини Хуҷанд ҷаҳиши нархи маводи сӯхт ва таъсири он ба кори автобусҳоро таъкид меварзанд.
Тобистони соли 2021 ҳам болоравии бесобиқаи нархи сӯзишвории дизелӣ, сабаби аз ҳаракат боз мондани даҳҳо автобус дар Хуҷанд гардида буд.
Он замон масъулони Идораи нақлиёти мусофиркашонии Хуҷанд гуфта буданд, ки ин соҳа серхарҷ асту болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ сабаби аз ҳаракат бозмондани автобусҳо шудааст.
Ду сол мешавад, ки дар сентябр бо оғоз шудани дарс дар донишгоҳҳо ва ҳозир шудани донишҷӯён ба шаҳр, масъулин талош мекунанд, мушкили ҳаракати автобусҳоро бартараф кунанд, вале ҳанӯз пурра муваффақ нагардидаанд.
Ҷорӣ кардани пардохти роҳкиро бо тариқи ғайринақдӣ, яъне бо кортҳои нақлиётӣ ҳам мушкили мусофирбариро дар шаҳр ҳал карда натавонист.
Соли 2018, корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд, 100 автобусҳои тамғаи "ЛИАЗ 4292" ва "ЛИАЗ 5292" - ро аз Русия ворид кард ва ҳаракати ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро роҳандозӣ намуда буд, аммо ҳолатҳои мутаваққиф шудани кори автобусҳо дар шаҳр аз байн нарафтанд.
Лентаи хабарҳо
0