Заминларзаи маргбор Эрону ҳамсояҳояшро такон дод

© AFP 2023 / Amir Hossein Talebi / ISNAПоследствия землетрясения в деревне Сайех Хош в провинции Хормозган на юге Ирана
Последствия землетрясения в деревне Сайех Хош в провинции Хормозган на юге Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2023
Обуна шудан
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Эрон афзоиш ёфта, ба иттилои расонаҳои расмии кишвар то ҳол ҳудуди 25 такони такрории замин ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Шумораи кушташудаҳо бар асари заминларза дар шимолу ғарби Эрон ба 3 нафар расид, иттилоъ дод хабаргузории Форс.
Манбаъ бо такя ба мақомоти изтирорӣ, шумораи маҷруҳон дар пайи заминларзаро беш аз 800 нафар арзёбӣ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки шаби гузашта дар шаҳри Хойи устони Озарбойҷони Ғарбӣ дар шимолу ғарби Эрон заминларза ба шиддати 5,9 дараҷаи ҷадвали Рихтер рух дод.
Ба гуфтаи маркази зилзилашиносии Эрон дар Теҳрон, заминларза соати 21:44 ба вақти маҳаллӣ ва дар умқи 7 километр рух додааст.
Последствия землетрясения в Таджикской СССР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Субҳи бешоми Шарора: таърихи фоҷеаи мудҳиши Ҳисор
Таъкид шудааст, ки зилзила ба ҳадде буд, ки дар бисёре аз манотиқи вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ эҳсос шуда, боиси нигаронии сокинон шудааст. Он дар чанд шаҳр, аз ҷумла дар маркази вилояти Табрези вилояти ҳамсояи Озарбойҷони Шарқӣ низ эҳсос шудааст.
Ба иттилои маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, заминларза дар Туркия, Ироқ, Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон низ эҳсос шудааст.
Раиси Раёсати Ҳилоли Аҳмар дар Озарбойҷони Ғарбӣ Ҳомид Маҳбубӣ иттилоъ додааст, ки гурӯҳҳои имдод ва наҷот ба Хой эъзом шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0