https://sputnik.tj/20230128/terminator-tojik-harif-maghlub-kard-1054544402.html
Терминатори тоҷик ҳарифашро дар камтар аз як дақиқа мағлуб кард
Терминатори тоҷик ҳарифашро дар камтар аз як дақиқа мағлуб кард
Sputnik Тоҷикистон
Нахустин задухӯрди Терминатори тоҷик дар доираи лигаи Absolute Championship Akhmat, ки дар Қазон баргузор шуд, камтар аз як дақиқа давом кард 28.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-28T10:29+0500
2023-01-28T10:29+0500
2023-01-28T12:14+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
муҳориба
ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1c/1054543951_5:0:1152:645_1920x0_80_0_0_6675d54e9a55b579f3070add16d3d361.png
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Варзишгари тоҷик Фаридун Одилов дар набарди аввалинаш дар мусобиқаи ACA пирӯзии аҷиб ба даст овард. Вохӯрии терминатори тоҷик бо намояндаи эронӣ Амир Нурӣ дар Қазон, дар Қасри “Татнефт Арена” баргузор шуд. Барои мағлуб кардани ҳарифаш ба Одилов камтар аз як дақиқа вақт лозим омад. Одилов набардро хеле бодиққатона оғоз намуда, аллакай дар аввали рақобат ба ҳарифи худ зарбаи "гилиотинӣ" расонда, муборизаро пеш аз мӯҳлат ба анҷом расид. Барои варзишгари 30-сола, ин вохӯрӣ дар лигаи ACA аввалин буд, ки ба нафъи ӯ анҷомид. Ӯро тибқи шартномае, ки бо ин лига тасвиб намуд, панҷ рақобати дигар дар пеш аст.Маврид ба зикр аст, ки ҳануз пеш аз оғози набард Одиловро мухлисони зиёд дар талор дастгирӣ намуданд.Пас аз пирӯзӣ ӯ ба ҳамаи мухлисонаш изҳори сипос кард ва умедворӣ намуд, ки дар Гран При ширкат хоҳад кард. Ин пирӯзӣ 15-умин ғолибияти Одилов дар фаъолияташ буда ӯ ҳамчунин ду бохт ва ду мусовӣ дорад.Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли ҷорӣ размикори тоҷик бояд бо Даурен Ермекови қазоқ қувваозмоӣ мекард, вале ба далели вазни зиёди Одилов набард лағв шуд.
https://sputnik.tj/20230121/raqib-faridun-odilov-ligai-asa-malum-shud-1054385506.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1c/1054543951_148:0:1008:645_1920x0_80_0_0_c96d48f8b26c9c7ed628fc80ed4cacf6.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, муҳориба, ғалаба
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, муҳориба, ғалаба
Терминатори тоҷик ҳарифашро дар камтар аз як дақиқа мағлуб кард
10:29 28.01.2023 (Навсозишуда: 12:14 28.01.2023) Нахустин задухӯрди Терминатори тоҷик дар доираи лигаи Absolute Championship Akhmat, ки дар Қазон баргузор шуд, камтар аз як дақиқа давом кард
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Варзишгари тоҷик Фаридун Одилов дар набарди аввалинаш дар мусобиқаи ACA пирӯзии аҷиб ба даст овард.
Вохӯрии терминатори тоҷик бо намояндаи эронӣ Амир Нурӣ дар Қазон, дар Қасри “Татнефт Арена” баргузор шуд. Барои мағлуб кардани ҳарифаш ба Одилов камтар аз як дақиқа вақт лозим омад.
Одилов набардро хеле бодиққатона оғоз намуда, аллакай дар аввали рақобат ба ҳарифи худ зарбаи "гилиотинӣ" расонда, муборизаро пеш аз мӯҳлат ба анҷом расид.
Барои варзишгари 30-сола, ин вохӯрӣ дар лигаи ACA аввалин буд, ки ба нафъи ӯ анҷомид. Ӯро тибқи шартномае, ки бо ин лига тасвиб намуд, панҷ рақобати дигар дар пеш аст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳануз пеш аз оғози набард Одиловро мухлисони зиёд дар талор дастгирӣ намуданд.
Пас аз пирӯзӣ ӯ ба ҳамаи мухлисонаш изҳори сипос кард ва умедворӣ намуд, ки дар Гран При ширкат хоҳад кард.
Ин пирӯзӣ 15-умин ғолибияти Одилов дар фаъолияташ буда ӯ ҳамчунин ду бохт ва ду мусовӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли ҷорӣ размикори тоҷик бояд бо Даурен Ермекови қазоқ қувваозмоӣ мекард, вале ба далели вазни зиёди Одилов набард лағв шуд.