https://sputnik.tj/20230127/tojironi-tojik-ba-ostona-meravand-hadaf-dar-chist-1054540643.html
Тоҷирони тоҷик ба Остона мераванд: Ҳадаф дар чист?
Тоҷирони тоҷик ба Остона мераванд: Ҳадаф дар чист?
Sputnik Тоҷикистон
Қарор аст, дар ояндаи наздик дар Остона бо ҳузури васеи тоҷирони тоҷик бизнес-форумҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор карда шаванд
2023-01-27T21:30+0500
2023-01-27T21:30+0500
2023-01-27T21:30+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
тоҷирон
остона
сафир
ҳамкорӣ
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1b/1054540420_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_defe1b5a5a51b46d30f4d242da7b7713.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Масъалаҳои баргузор намудани бизнес-форумҳо ахиран дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими шаҳри Остона Касимбек Женис баррасӣ гардид, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масоили густариши робитаҳо, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, гузаронидани дигар ҳамоишҳо дар шаҳри Остона ба муносибати 30-юмин солгарди барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд.Чанде пеш Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ дидору гуфтугӯ карда буд.Дар ҷараёни суҳбат вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро муфассал баррасӣ намуда, дар бораи ҳамкории мутақобилаи ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Қазоқистон, давоми соли 2023 якчанд ҳамоишҳои муштараки соҳавӣ баргузор карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20230126/sughd-niyat-qazoqiston-kharbuza-meva-1054501260.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1b/1054540420_144:0:1280:852_1920x0_80_0_0_ab7e4cf9c0e4de222808bdbb9a458372.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, остона, ҳадаф, тоҷирон, бизнес форум, қазоқистон, сафир, мулоқот
тоҷикистон, остона, ҳадаф, тоҷирон, бизнес форум, қазоқистон, сафир, мулоқот
Тоҷирони тоҷик ба Остона мераванд: Ҳадаф дар чист?
Қарор аст, дар ояндаи наздик дар Остона бо ҳузури васеи тоҷирони тоҷик бизнес-форумҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор карда шаванд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Масъалаҳои баргузор намудани бизнес-форумҳо ахиран дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими шаҳри Остона Касимбек Женис баррасӣ гардид, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масоили густариши робитаҳо, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, гузаронидани дигар ҳамоишҳо дар шаҳри Остона ба муносибати 30-юмин солгарди барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд.
Чанде пеш Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ дидору гуфтугӯ карда буд.
Дар ҷараёни суҳбат вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро муфассал баррасӣ намуда, дар бораи ҳамкории мутақобилаи ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Қазоқистон, давоми соли 2023 якчанд ҳамоишҳои муштараки соҳавӣ баргузор карда мешаванд.