Дар Тоҷикистон кӣ омӯзгори сол шуд?

© Вазорати маориф ва илми ТоҷикистонБобоҷонов Ҷурабой - омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд
Бобоҷонов Ҷурабой - омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2023
Обуна шудан
Бобоҷонов Ҷурабой - омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд барандаи Озмуни “Омӯзгори соли 2022” эълон шуд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, ки даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022” ҷамъбаст гардид.
Тибқи иттилои Вазорат, Бобоҷонов Ҷурабой - омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд омӯзгори соли Тоҷикистон-2022 эълон гардид.
Ба Бобоҷонов Ҷурабой ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Дар асоси талаботи Низомномаи озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ҳайати ҳакамон аз рафти озмун натиҷагирӣ карда, ғолиби даври ниҳоиро эълон намуданд.
Новая школа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Ҳудуди 63% зан: Вазир гуфт, Тоҷикистон чанд омӯзгор дораду чанди дигар намерасад
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, Идиева Азизамоҳ, Оддиева Фарангез бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, Мамадгаминова Гулнамо ва Ҳукумзода Бахтовар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва мукофотпулӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Зикр гардидааст, ки дар маросими ҷамъбастии озмун вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳоитобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд.
Лентаи хабарҳо
0