Суғд бо Қирғизистон чӣ додугирифт дорад?

Обуна шудан
Бо вуҷуди марзбандии Қирғизистон ба рӯи тоҷикистониён соли 2022 додугирифти мол миёни ду кишвар сурат гирифтааст, аммо ба маротиб кам шудааст
Савдои хориҷӣ миёни ин вилояти Суғд ва ҷумҳурии Қирғизистон давоми соли 2022 ҳудуди 7 баробар коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои Сарраёсати Агентии омор дар Суғд, ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти шимолии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қирғизистон соли гузашта 3,6 млн долларро ташкил додаст.
Бар пояи маълумотҳои оморӣ давоми соли 2021, ҳаҷми гардиши мол дар ин масир беш аз 25 миллион доллар рақам зада мешуд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки соли гузашта ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ ба 2,4 млн доллар ва саҳми содирот 1, 2 млн доллар ҳисоб шудааст.
Чӣ доду чӣ гирифт? Коҳишёбии ҳаҷми савдо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
"Тибқи рақамҳои гумрукӣ, агар соли 2021, аз Қирғизистон ба Суғд 72 навъ мол ворид шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 6 намуд расид”- хабар додааст манбаъ.
Идораи омор тавзеҳ дод, ки соли гузашта ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ ба 2, 4 млн доллар ва саҳми содирот 1,2 млн доллар ҳисоб шудааст.
Додугирифт зиёд: Каримзода аз тақвияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон гуфт
Тибқи рақамҳои гумрукӣ, агар соли 2021, аз Қирғизистон ба Суғд 72 навъ мол ворид шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 6 намуд расид.
Молу маҳсулоти содиротӣ ҳам аз 36 номгӯи соли 2021 ба 5 намуд дар соли 2022 ба коҳиш ёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0