https://sputnik.tj/20230127/sardor-berdimuhammadov-tojikiston-davat-1054522117.html
Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон даъват шуд
Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон даъват шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ирсоли паёми шодбошӣ ба ҳамтои туркманаш ба муносибати 30-солагии муносиботи дипломатӣ, суҳбати телефонӣ низ анҷом додаст
2023-01-27T11:55+0500
2023-01-27T11:55+0500
2023-01-27T12:21+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
сардор бердимуҳаммадов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051424892_0:66:1280:786_1920x0_80_0_0_e986e9342221bb60f75e2ae2138f7fe4.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон президенти Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадовро ба Душанбе даъват кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ тамосҳои сатҳи олиро барои таҳкими ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намудаст. Таъкид шудаст, ки зимни суҳбат сарони ду давлат ҳамдигарро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон табрик гуфтанд.Президентҳо раванди тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ, ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ намуданд."Омодагии ҷонибҳоро барои идомаи ҳамкории фаъол дар ростои масоили мубрами глобалӣ ва минтақавӣ таъйид намуданд", - омадааст дар иттилоия. Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳо бо Туркманистон гуфтааст. Вобаста ба ин аҳамияти идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва равобити эътимодбахш дар сатҳҳои олӣ ва баланд мавриди таъкид қарор гирифтаст. Маврид ба зикр аст, ки пеш аз суҳбати телефонӣ президентҳои Тоҷикистону Туркманистон унвонии ҳамдигар паёмҳои шодбошӣ ирсол карда, омодагияшонро барои густариши ҳамкориҳо баён доштаанд.
https://sputnik.tj/20230127/payomi-rahmonu-berdimuhammedov-hamkori-1054519792.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051424892_72:0:1208:852_1920x0_80_0_0_c992b4411fa4d913a03eaf1789321949.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суҳбат, телефонӣ, эмомалӣ раҳмон, сардор бердимуҳаммадов
суҳбат, телефонӣ, эмомалӣ раҳмон, сардор бердимуҳаммадов
Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон даъват шуд
11:55 27.01.2023 (Навсозишуда: 12:21 27.01.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ирсоли паёми шодбошӣ ба ҳамтои туркманаш ба муносибати 30-солагии муносиботи дипломатӣ, суҳбати телефонӣ низ анҷом додаст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон президенти Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадовро ба Душанбе даъват кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ тамосҳои сатҳи олиро барои таҳкими ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намудаст.
Таъкид шудаст, ки зимни суҳбат сарони ду давлат ҳамдигарро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон табрик гуфтанд.
Президентҳо раванди тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ, ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ намуданд.
"Омодагии ҷонибҳоро барои идомаи ҳамкории фаъол дар ростои масоили мубрами глобалӣ ва минтақавӣ таъйид намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳо бо Туркманистон гуфтааст.
Вобаста ба ин аҳамияти идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва равобити эътимодбахш дар сатҳҳои олӣ ва баланд мавриди таъкид қарор гирифтаст.
Маврид ба зикр аст, ки пеш аз суҳбати телефонӣ президентҳои Тоҷикистону Туркманистон унвонии ҳамдигар паёмҳои шодбошӣ ирсол карда, омодагияшонро барои густариши ҳамкориҳо баён доштаанд.