https://sputnik.tj/20230127/narkh-safar-dushanbe-tehron-malum-1054524149.html
Нархи сафар аз Душанбе ба Теҳрон маълум шуд
Нархи сафар аз Душанбе ба Теҳрон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муайян гардид, ки мусофироне, ки хоҳиши парвоз ба пойтахти Эрон дар моҳи феврали соли равонро доранд, ба чӣ қадар маблағи роҳкиро ниёз доранд
2023-01-27T12:34+0500
2023-01-27T12:34+0500
2023-01-27T12:34+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
сомон эйр
нақлиёт
ҳавопаймо
эрон
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051424805_0:66:1280:786_1920x0_80_0_0_c55c6bd962c6e0abaa84f26b4c5e0e43.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Билети парвоз аз Душанбе ба Теҳрон дар моҳи феврал ҳудуди 2300 сомонӣ арзиш дорад.Дар ин бора аз хадамоти матбуотии "Сомон Эйр" ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ додаст. Маврид ба зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз ифтитоҳи парвозҳо ба пойтахти Эрон хабар дода, афзуд, ки нахустин парвоз ба Теҳрон 31 январи соли 2023 анҷом мешавад.Тибқи ҷадвал, ҳавопаймо бояд соати 17:30 аз Душанбе парвоз кунад, масири бозгашт аз Теҳрон соати 20:20 (бо вақти маҳаллӣ) оғоз мешавад.Таъкид шудааст, ки аз 10 феврал хатсайри ҳавоии Душанбе - Теҳрон ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.Парвоз аз Душанбе — соати 14.30, аз Теҳрон — соати 17.20 ба вақти маҳаллӣ анҷом дода мешавад. Вақти парвоз аз пойтахти Тоҷикистон то шаҳри Теҳрон 2 соату 50 дақиқа ва дар самти муқобил 2 соату 20 дақиқа хоҳад буд.Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.Густариши парвозҳои байналмилалӣ дар ҳолест, ки "Сомон Эйр" азм дорад, барои парвозҳои маҳаллӣ низ иқдом кунад. Аз ҷумла хабар дода шуд, ширкати "Сомон Эйр" барои харидории ҳавопаймоҳои нав гуфтушунид дорад.Ҳавопаймоҳои хурди L-410 Turbolet барои интиқоли мусофирон бояд дар дохили Тоҷикистон харидорӣ шаванд, ки гуфта мешавад, барои кишвар хеле мусоид арзёбӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20221214/azsargiri-parvozho-dushanbe-islomobod-1053503927.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051424805_72:0:1208:852_1920x0_80_0_0_40bac255f49b08321bb9c3faecebadee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвоз, теҳрон, душанбе, сомонӣ
парвоз, теҳрон, душанбе, сомонӣ
Нархи сафар аз Душанбе ба Теҳрон маълум шуд
Муайян гардид, ки мусофироне, ки хоҳиши парвоз ба пойтахти Эрон дар моҳи феврали соли равонро доранд, ба чӣ қадар маблағи роҳкиро ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Билети парвоз аз Душанбе ба Теҳрон дар моҳи феврал ҳудуди 2300 сомонӣ арзиш дорад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуотии "Сомон Эйр" ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ додаст.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз ифтитоҳи парвозҳо ба пойтахти Эрон хабар дода, афзуд, ки нахустин парвоз ба Теҳрон 31 январи соли 2023 анҷом мешавад.
Тибқи ҷадвал, ҳавопаймо бояд соати 17:30 аз Душанбе парвоз кунад, масири бозгашт аз Теҳрон соати 20:20 (бо вақти маҳаллӣ) оғоз мешавад.
Таъкид шудааст, ки аз 10 феврал хатсайри ҳавоии Душанбе - Теҳрон ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.
Парвоз аз Душанбе — соати 14.30, аз Теҳрон — соати 17.20 ба вақти маҳаллӣ анҷом дода мешавад. Вақти парвоз аз пойтахти Тоҷикистон то шаҳри Теҳрон 2 соату 50 дақиқа ва дар самти муқобил 2 соату 20 дақиқа хоҳад буд.
Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.
Густариши парвозҳои байналмилалӣ дар ҳолест, ки "Сомон Эйр" азм дорад, барои парвозҳои маҳаллӣ низ иқдом кунад. Аз ҷумла хабар дода шуд, ширкати "Сомон Эйр" барои харидории ҳавопаймоҳои нав гуфтушунид дорад.
Ҳавопаймоҳои хурди L-410 Turbolet барои интиқоли мусофирон бояд дар дохили Тоҷикистон харидорӣ шаванд, ки гуфта мешавад, барои кишвар хеле мусоид арзёбӣ мешаванд.