https://sputnik.tj/20230127/kushta-majruh-sadama-ishtirok-tojikistoniyon-1054533414.html
Як куштаю 2 маҷруҳ: садама бо иштироки тоҷикистониён дар Саратов
Як куштаю 2 маҷруҳ: садама бо иштироки тоҷикистониён дар Саратов
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали сол ин дуюмин ҳолати садамаи маргбор бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ки дар қаламрави Русия рух додаасту расонаӣ мешавад
2023-01-27T17:40+0500
2023-01-27T17:40+0500
2023-02-08T19:46+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
ҳалокат
ҷавон
тоҷикистонӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0e/1031735639_0:2:1433:808_1920x0_80_0_0_2e7577e317538d3267becad401d01a13.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи мудҳиш дар вилояти Саратов ба ҳалокат расид, иттилоъ дод раёсати тандурустии минтақа. Тавре хабар дода шудааст, ки ҳодисаи маргбор шаби 27 январ дар наздикии деҳаи Нов дар шоҳроҳи Ершов - Озинки рух додааст. Худрав дар ҳангоми садама таҳти идораи ҷавони 19-сола, сокини маҳаллӣ қарор доштааст, ки худи ӯ низ маҷруҳ шудааст. Зикр гардидааст, ки мусофири дуюми мошин низ зодаи Тоҷикистон, ҷавони 22-сола будааст, ки дар беморхона бистарӣ шудааст. "Ҷавонони маҷруҳро дар ҳолати миёна ба беморхонаи шӯъбаи истгоҳи Ершов бурданд", - қайд кардаст идораи тандурустӣ. Ба иттилои пулиси маҳаллӣ, сабабҳои дигар ва тамоми ҷузъиёти ҳодиса таҳқиқ мешавад.Ин дар ҳолест, ки қаблан низ дар минтақаи Красноярски Русия садамаи пурқурбонӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон рух дода буд. Ҳодиса аввали моҳи равон рух дода, 4 кушта барҷой гузошт.
https://sputnik.tj/20230123/ronanda-musofir-joi-hodisa-kushta-fojia-hamadoni-1054422581.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0e/1031735639_178:0:1255:808_1920x0_80_0_0_4e68b69c8138de214452a7673c322b05.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садама, маргбор, иштирок, ҷавонон, тоҷик, саратов
садама, маргбор, иштирок, ҷавонон, тоҷик, саратов
Як куштаю 2 маҷруҳ: садама бо иштироки тоҷикистониён дар Саратов
17:40 27.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Аз аввали сол ин дуюмин ҳолати садамаи маргбор бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ки дар қаламрави Русия рух додаасту расонаӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи мудҳиш дар вилояти Саратов ба ҳалокат расид, иттилоъ дод раёсати тандурустии минтақа.
Тавре хабар дода шудааст, ки ҳодисаи маргбор шаби 27 январ дар наздикии деҳаи Нов дар шоҳроҳи Ершов - Озинки рух додааст.
"Мошини "Хундай" аз роҳ баромада ба ҷӯйбор зада, чаппа шудааст. Яке аз мусофирон ҷавони 25-солаи тоҷик то омадани мошини ёрии таъҷилӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар иттилоия.
Худрав дар ҳангоми садама таҳти идораи ҷавони 19-сола, сокини маҳаллӣ қарор доштааст, ки худи ӯ низ маҷруҳ шудааст.
Зикр гардидааст, ки мусофири дуюми мошин низ зодаи Тоҷикистон, ҷавони 22-сола будааст, ки дар беморхона бистарӣ шудааст.
"Ҷавонони маҷруҳро дар ҳолати миёна ба беморхонаи шӯъбаи истгоҳи Ершов бурданд", - қайд кардаст идораи тандурустӣ.
Ба иттилои пулиси маҳаллӣ, сабабҳои дигар ва тамоми ҷузъиёти ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ дар минтақаи Красноярски Русия садамаи пурқурбонӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон рух дода буд. Ҳодиса аввали моҳи равон рух дода, 4 кушта барҷой гузошт.