https://sputnik.tj/20230127/afzoish-dodugirift-tojikiston-uzbekiston-1054533583.html
Афзоиши беш аз 11 дарсадии додугирифт миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Афзоиши беш аз 11 дарсадии додугирифт миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Тошканд аз афзоиши мубодилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хабар дода гуфт, дар соли гузашта нисбат ба соли 2021 додугирифт 11,3 дарсад афзоиш ёфтааст
2023-01-27T16:05+0500
2023-01-27T16:05+0500
2023-01-27T16:05+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
додугирифт
гардиши мол
тиҷорат
иқтисод
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048904587_0:132:1280:852_1920x0_80_0_0_9694ee279844b3a17701e8fc0eb04c82.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли гузашта 674,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба як сол қабл рушди 11,3 дарсадӣ зиёд будааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс” дар истинод ба Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон.Кумита мазкур хабар додааст, ки содироти маҳсулоти тоҷикӣ дар соли гузашта ба ин кишвар 154,5 миллион долларро ташкил дода, ки нисбат ба соли 2021 рушди 49,1 дарсадӣ доштааст.Воридоти колоҳои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ин давра бо рушди 3,5 дарсадӣ дар қиёс ба соли 2021 ба 519,9 миллион доллар расидааст.Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои барои тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёде зоҳир мекунанд. Тоҷикистон асосан ба Ӯзбекистон барқ, семент ва нахи пахтаро содир ва гази табиӣ, дорӯҳои менералӣ, фаровардаҳои нафтӣ, лавозими хонагӣ ва ғайраро ворид мекунад.Ёдовари мекунем, ки чанде пеш Агентии омори Ӯзбекистон хабар дода буд, ки Тоҷикистон миёни кишварҳое, ки саҳми зиёди содирот ба Ӯзбекистонро доранд, дар ҷои шашум қарор дорад.Ин манбаъ таъкид карда буд, ки мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз ба сари давлат омадани Шавкат Мирзиёев беш аз 7 маротиба — аз каме бештар аз 70 миллион доллар дар соли 2016 то ба беш аз 500 миллион доллар дар соли 2022 афзоиш ёфт.
https://sputnik.tj/20230123/muhriddin-vazir-uzbekiston-masala-barrasi-1054426731.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048904587_72:0:1208:852_1920x0_80_0_0_c83984e79ffad9c6a288f90659129379.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, додугирифт, гардиши мол, тиҷорат, иқтисод, ҳамкорӣ, равобит
тоҷикистон, ӯзбекистон, додугирифт, гардиши мол, тиҷорат, иқтисод, ҳамкорӣ, равобит
Афзоиши беш аз 11 дарсадии додугирифт миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Тошканд аз афзоиши мубодилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хабар дода гуфт, дар соли гузашта нисбат ба соли 2021 додугирифт 11,3 дарсад афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли гузашта 674,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба як сол қабл рушди 11,3 дарсадӣ зиёд будааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс” дар истинод ба Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон.
Кумита мазкур хабар додааст, ки содироти маҳсулоти тоҷикӣ дар соли гузашта ба ин кишвар 154,5 миллион долларро ташкил дода, ки нисбат ба соли 2021 рушди 49,1 дарсадӣ доштааст.
Воридоти колоҳои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ин давра бо рушди 3,5 дарсадӣ дар қиёс ба соли 2021 ба 519,9 миллион доллар расидааст.
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои барои тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёде зоҳир мекунанд. Тоҷикистон асосан ба Ӯзбекистон барқ, семент ва нахи пахтаро содир ва гази табиӣ, дорӯҳои менералӣ, фаровардаҳои нафтӣ, лавозими хонагӣ ва ғайраро ворид мекунад.
Ёдовари мекунем, ки чанде пеш Агентии омори Ӯзбекистон хабар дода буд, ки Тоҷикистон миёни кишварҳое, ки саҳми зиёди содирот ба Ӯзбекистонро доранд, дар ҷои шашум қарор дорад.
Ин манбаъ таъкид карда буд, ки мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз ба сари давлат омадани Шавкат Мирзиёев беш аз 7 маротиба — аз каме бештар аз 70 миллион доллар дар соли 2016 то ба беш аз 500 миллион доллар дар соли 2022 афзоиш ёфт.