https://sputnik.tj/20230126/viloyat-maskav-vurud-muhojir-rusiya-man--1054497568.html
Вилояти Маскав вуруди ҳудуди 30 ҳазор муҳоҷир ба Русияро манъ кард
Вилояти Маскав вуруди ҳудуди 30 ҳазор муҳоҷир ба Русияро манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Маскав бидуни тағйир монда, назорат бар вазъи ҷинояткорӣ дайи як соли қаблӣ зери назари мақомоти назоратӣ қарор доштааст
2023-01-26T12:35+0500
2023-01-26T12:35+0500
2023-02-08T19:46+0500
муҳоҷират
муҳоҷир
вилояти назди маскав
сатҳи ҷинояткорӣ
манъи вуруд
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102490/85/1024908546_0:0:1241:698_1920x0_80_0_0_1215917a7e4478fed84b615cd0a875d7.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Кормандони Вазорати корҳои дохилии вилояти Маскав дар соли гузашта вуруди 28,5 ҳазор шаҳрванди хориҷиро ба Русия манъ карданд. Дар ин бора дар дафтари матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Маскав пас аз ҷаласаи мушовара оид ба натиҷаҳои кор дар як соли қаблӣ иттилоъ доданд. Тадбирҳо ба беҳбуди вазъ дар соҳаи сиёсати муҳоҷират амалӣ шуданд, гуфт вазорат. Ба дунболи ин, ниҳодҳои умури дохили вазъи ҷинояткорӣ ва мубориза ба онро зери назорат доштаанд.Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда амалан бетағйир боқӣ монда, 74 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, мавориди қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, аз ҷумла, боиси марги ҷабрдида, ғоратгарӣ, дуздӣ, аз ҷумла аз манзили зист, дуздии воситаҳои нақлиёт низ коҳиш ёфтааст, афзудааст Сарраёсат. Яке аз самтҳое, ки пулис дар соли гузашта ба он таваҷҷӯҳи бештар медод, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла ҷузъи этникии он буд, менависад ТАСС. Дар ин минтақа ҳамагӣ 463 ҷинояти аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил ё иттиҳодияҳои ҷиноӣ содиршуда, аз ҷумла 110 ҷинояти нажодӣ ошкор карда шуда, фаъолияти 430 нафар иштирокчиёни фаъоли онҳ пешгирӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20230124/nazorat-videoii-muhojiron-rusiya-purzur-1054441370.html
вилояти назди маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102490/85/1024908546_154:0:1085:698_1920x0_80_0_0_4abb05d95068d273fda53c0464f60708.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вилоят маскав вуруд муҳоҷир русия
вилоят маскав вуруд муҳоҷир русия
Вилояти Маскав вуруди ҳудуди 30 ҳазор муҳоҷир ба Русияро манъ кард
12:35 26.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Маскав бидуни тағйир монда, назорат бар вазъи ҷинояткорӣ дайи як соли қаблӣ зери назари мақомоти назоратӣ қарор доштааст
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Кормандони Вазорати корҳои дохилии вилояти Маскав дар соли гузашта вуруди 28,5 ҳазор шаҳрванди хориҷиро ба Русия манъ карданд.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Маскав пас аз ҷаласаи мушовара оид ба натиҷаҳои кор дар як соли қаблӣ иттилоъ доданд.
Тадбирҳо ба беҳбуди вазъ дар соҳаи сиёсати муҳоҷират амалӣ шуданд, гуфт вазорат.
"Зиёда аз 80 000 санҷиши иншооти гуногун, аз ҷумла 1500 хобгоҳ гузаронида шуд. 177 000 протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. 28 500 қарор оид ба манъи вуруд ба шаҳрвандони хориҷӣ қабул шудааст", - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.
Ба дунболи ин, ниҳодҳои умури дохили вазъи ҷинояткорӣ ва мубориза ба онро зери назорат доштаанд.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда амалан бетағйир боқӣ монда, 74 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, мавориди қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, аз ҷумла, боиси марги ҷабрдида, ғоратгарӣ, дуздӣ, аз ҷумла аз манзили зист, дуздии воситаҳои нақлиёт низ коҳиш ёфтааст, афзудааст Сарраёсат.
Яке аз самтҳое, ки пулис дар соли гузашта ба он таваҷҷӯҳи бештар медод, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла ҷузъи этникии он буд, менависад ТАСС.
Дар ин минтақа ҳамагӣ 463 ҷинояти аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил ё иттиҳодияҳои ҷиноӣ содиршуда, аз ҷумла 110 ҷинояти нажодӣ ошкор карда шуда, фаъолияти 430 нафар иштирокчиёни фаъоли онҳ пешгирӣ шудааст.