https://sputnik.tj/20230126/rustam-emomali-huseyn-rushd-varzish-obi-tojikistonro-barrasi-1054499000.html
Рустами Эмомалӣ бо Ҳусейн Ал Мусаллам рушди варзиши обӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард
Рустами Эмомалӣ бо Ҳусейн Ал Мусаллам рушди варзиши обӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ гуфта шудааст, ки шаҳри Душанбе метавонад дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо мизбонӣ намояд
2023-01-26T13:10+0500
2023-01-26T13:10+0500
2023-01-26T13:26+0500
дар тоҷикистон
шиноварӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102922/62/1029226232_0:318:3075:2048_1920x0_80_0_0_d0e510b85462e19c26e02952e7d0b9e7.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ Ҳусейн Ал Мусаллам мулоқот кардааст.Бино ба гузориши дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ин дидор дар Душанбе сурат гирифта, дар он ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, хосатан варзиши обии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии шиноварӣ баррасӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, Ҳусейн Ал Мусаллам гуфтааст, ки барои рушду густариши соҳа дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Ҳамчунин дар ин аз дидор талошҳои Тоҷикистон тайи солҳои ахир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар Душанбе бо шароиту имконоти мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳамгардида зикр шудааст. Ба президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ гуфта шудааст, ки шаҳри Душанбе метавонад дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо мизбонӣ намояд.Маврид ба зикр аст, ки калонтарин макон барои омодасозии варзишгарон дар кишвар дар ин самт, ба истифода додани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе аст, ки онро соли 2020 ифтитоҳ карда буданд.
https://sputnik.tj/20200728/Tojikiston-dar-kujo-kahramononi-varzishro-omoda-mekard-maydonhoi-asosii-varzish-1031647253.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102922/62/1029226232_344:0:3075:2048_1920x0_80_0_0_ae0ca7750b647d558ab9ad26b6444ced.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ ҳусейн ал мусаллам варзиш обӣ тоҷикистон
рустами эмомалӣ ҳусейн ал мусаллам варзиш обӣ тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ бо Ҳусейн Ал Мусаллам рушди варзиши обӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард
13:10 26.01.2023 (Навсозишуда: 13:26 26.01.2023) Ба президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ гуфта шудааст, ки шаҳри Душанбе метавонад дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо мизбонӣ намояд
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ Ҳусейн Ал Мусаллам мулоқот кардааст.
Бино ба гузориши дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ин дидор дар Душанбе сурат гирифта, дар он ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, хосатан варзиши обии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии шиноварӣ баррасӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Ҳусейн Ал Мусаллам гуфтааст, ки барои рушду густариши соҳа дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
"Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкории минбаъда дар соҳаи варзиш, аз ҷумла ҳолати кунунӣ ва рушди навъҳои варзиши обӣ ба таври муфассал баррасӣ карда шуд", - афзудааст манбаъ.
Ҳамчунин дар ин аз дидор талошҳои Тоҷикистон тайи солҳои ахир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар Душанбе бо шароиту имконоти мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳамгардида зикр шудааст.
Ба президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ гуфта шудааст, ки шаҳри Душанбе метавонад дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо мизбонӣ намояд.
Маврид ба зикр аст, ки калонтарин макон барои омодасозии варзишгарон дар кишвар дар ин самт, ба истифода додани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе аст, ки онро соли 2020 ифтитоҳ карда буданд.