https://sputnik.tj/20230126/mirziyoev-jabborov-didor-sabab-1054500459.html
Мирзиёев бо Ҷабборов дидор мекунад: сабаб
Мирзиёев бо Ҷабборов дидор мекунад: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо як сафари дурӯза ба Қирғизистони ҳамсоя меравад ва дар онҷо бо раисҷумҳури ин давлат мулоқот анҷом медиҳад 26.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-26T13:47+0500
2023-01-26T13:47+0500
2023-01-26T13:52+0500
содир ҷабборов
мирзиёев
сиёсат
осиёи марказӣ
қирғизистон
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032988186_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_b1919d0e2f504ce3934e09c8d78d865d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо як сафари давлатӣ ба пойтахти Қирғизистон меравад. Ин сафар аз 26 то 27 январ идома хоҳад кард Вай дар Бишкек бо раисиҷумҳури он кишвар Содир Ҷабборов мулоқот мекунад. Роҳбарон масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд.Таваҷҷуҳи махсус ба рушди тиҷорати мутақобила, инчунин дастгирии барномаҳои ҳамкории саноатӣ ва пешбурди лоиҳаҳои инфрасохтори минтақавӣ дода мешавад. Қаблан маълум шуд, ки дар ҷараёни сафар имзои як қатор асноди марбут ба аломатгузорӣ ва делимитатсияи қитъаҳои мушкили марзи ду кишвар дар назар аст.Аз ҷумла, президентҳо тасвибномаҳои идораи муштараки обанбори Кампир-ободро табодули назар мекунанд ва санадеро имзо мекунанд, ки тартиби убури сарҳадро барои шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ содатар мекунад.Ҳамчунин маълум шуд, ки пулиси Қирғизистон дар рӯзҳои сафари Мирзиёев ба режими пурзӯри назорат мегузарад. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар рӯзҳои сафари давлатӣ тадбирҳои пешгирикунанда мегузаронанд. Пулиси Бишкек макони баргузории чорабиниҳои расмиро таҳти назорати махсус гирифта, ҳаракати нақлиёт дар баъзе қитъаҳои роҳ маҳдуд мешавад. Қобили зикр аст, ки сафари давлатии Мирзиёев дар ибтидои моҳи декабри соли 2022 ба нақша гирифта шуда буд, аммо сафар ба санаи дертар ба таъхир афтод.
https://sputnik.tj/20220721/mirziyoev-adami-etimodi-jaahoni-guft-1050158181.html
қирғизистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032988186_79:0:1216:853_1920x0_80_0_0_ffe1200067f5252f68abba2bc274be77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содир ҷабборов, мирзиёев, сиёсат , осиёи марказӣ, қирғизистон, ӯзбекистон
содир ҷабборов, мирзиёев, сиёсат , осиёи марказӣ, қирғизистон, ӯзбекистон
Мирзиёев бо Ҷабборов дидор мекунад: сабаб
13:47 26.01.2023 (Навсозишуда: 13:52 26.01.2023) Раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо як сафари дурӯза ба Қирғизистони ҳамсоя меравад ва дар онҷо бо раисҷумҳури ин давлат мулоқот анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо як сафари давлатӣ ба пойтахти Қирғизистон меравад. Ин сафар аз 26 то 27 январ идома хоҳад кард
Вай дар Бишкек бо раисиҷумҳури он кишвар Содир Ҷабборов мулоқот мекунад.
Роҳбарон масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди тиҷорати мутақобила, инчунин дастгирии барномаҳои ҳамкории саноатӣ ва пешбурди лоиҳаҳои инфрасохтори минтақавӣ дода мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки дар ҷараёни сафар имзои як қатор асноди марбут ба аломатгузорӣ ва делимитатсияи қитъаҳои мушкили марзи ду кишвар дар назар аст.
Аз ҷумла, президентҳо тасвибномаҳои идораи муштараки обанбори Кампир-ободро табодули назар мекунанд ва санадеро имзо мекунанд, ки тартиби убури сарҳадро барои шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ содатар мекунад.
Ҳамчунин маълум шуд, ки пулиси Қирғизистон дар рӯзҳои сафари Мирзиёев ба режими пурзӯри назорат мегузарад.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар рӯзҳои сафари давлатӣ тадбирҳои пешгирикунанда мегузаронанд.
Пулиси Бишкек макони баргузории чорабиниҳои расмиро таҳти назорати махсус гирифта, ҳаракати нақлиёт дар баъзе қитъаҳои роҳ маҳдуд мешавад.
Қобили зикр аст, ки сафари давлатии Мирзиёев дар ибтидои моҳи декабри соли 2022 ба нақша гирифта шуда буд, аммо сафар ба санаи дертар ба таъхир афтод.