Ҷалилов ба "Истиқлол" баргашт

© ФК "Истиклол" Капитан душанбинского "Истиклола" Алишер Джалилов перешел в команду АГМК
Капитан душанбинского Истиклола Алишер Джалилов перешел в команду АГМК - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Обуна шудан
Бозигари тоҷик пас аз як сол бозӣ тими АГМК-и Ӯзбекистонро, ки дар Лигаи олии ин кишвар рақобат мекунад, тарк кард. Ин дар ҳолест, ки ӯ шартномаи дусола дошт
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Алишер Ҷалилов яке аз бозигарони мунтахаби футболи кишвар дигарбора ба "Истиқлол" баргашт.
Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳ иттилоъ додааст.
Ӯ моҳи январи соли 2022 аз "Истиқлол" ба АГМК (Олмалиқ) рафта буд.
Ба иттилои манбаъ, Ҷалилов имрӯз 26 январ ба машқҳои дастаҷамъии бошгоҳ ҳамроҳ шудааст.
Дар мавриди шароити гузариш ва иттилое нест, аммо таъкид шудааст, ки шартнома бо бозигари шинохта рӯзҳои наздик имзо хоҳад кард.
Собиқ капитани "Истиқлол"-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон бо тими АГМК (Олмалиқ) шартномаи дусола баста буд, аммо сабаби лағви пеш аз муҳлати шартнома то кунун рушан нест.
Тренер Истиклол Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Се “Помир”-ӣ: “Истиқлол” чӣ мехоҳад?
Гуфта мешавад, футболбоз бо барандаи медали биринҷии Чемпионати Ӯзбекистон-2021, бошгоҳи футболи АГМК (Олмалиқ) шартномаи дусола баст.
Ёдовар мешавем, Ҷалилов дар ҳайати "Истиқлол" аз аввали соли 2019 фаъолият карда, дар ин муддат якҷо бо даста се бор барандаи қаҳрамонии кишвар ва Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ҳамчунин соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.
Ӯ дар мавсими аввалини "Истиқлол" дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО дар баромади муваффақонаи даста саҳми калон гузошт.
Аз рӯи натиҷаҳои мавсими футболи солҳои 2019 ва 2021, Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф гардид.
Қаблан портали машҳури варзишии Олмон "Transfermarkt.de" арзиши тахминии бозигарон ва тимҳои миллии кишварҳои гуногунро номбар кард, ки тибқи нишондоди он, Ҷалилов 650 ҳазор евро баҳогузорӣ шуда буд.
Ӯ миёни бозигарони кишвар танҳо поинтар аз Парвазҷон Умарбоев (750 ҳазор евро) арзиш дорад
Лентаи хабарҳо
0