Вазъи 48 сокини Хатлон, ки аз қурутоб заҳролуд шуданд, маълум шуд - акс

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Обуна шудан
Раёсати тандурустии вилояти Хатлон вазъи 48 сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро, ки пас аз истеъмоли қурутоб заҳролуд шуданд, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Аз 48 заҳролудшуда аксарашон пас аз муоинаи табибон мураххас шуданд, хабар медиҳад, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон.
“Ҳолати ҳамаи беморон муътадил аст ва ҳеҷ мушкиле ҷой надорад”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Маврид ба зикр аст, 48 сокини деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баъди истеъмоли қурутоб заҳролуд шуданд ва ба Бемористони марказии ноҳия муроҷиат намуданд.
© Раёсати Вазорати тандурустии ХатлонСокини Шамсиддини Шоҳин, ки аз қурутоб заҳролуд шудаанд
Сокини Шамсиддини Шоҳин, ки аз қурутоб заҳролуд шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Сокини Шамсиддини Шоҳин, ки аз қурутоб заҳролуд шудаанд
Як қисми заҳролудшудагон фавран дар Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб ва қисми дигар дар Беморхонаи деҳотии Чагам бистарӣ гардиданд.
Раёсати тандурустии вилояти Хатлон вобаста ба қазияи заҳролудшавии сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хабар медиҳад, ки вазъи саломатии онҳо айни замон муътадил аст.
Марги фоҷиабори падару писар дар ноҳияи Хуросон
Ёдовар мешавем, ки 24 январ як гуруҳ сокинони деҳаи Чагами ноҳияи Шамсидлин Шоҳин баъди истеъмоли қурутоб заҳролуд шуда, бо оризаҳои дилбеҳузурӣ дар беморхона бистарӣ гардиданд.
© Раёсати Вазорати тандурустии ХатлонСокини Шамсиддини Шоҳин, ки аз қурутоб заҳролуд шудаанд
Сокини Шамсиддини Шоҳин, ки аз қурутоб заҳролуд шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Сокини Шамсиддини Шоҳин, ки аз қурутоб заҳролуд шудаанд
Лентаи хабарҳо
0