https://sputnik.tj/20230125/sarvaziri-rusiya-tojikiston-meoyad-1054458064.html
Сарвазири Русия ба Тоҷикистон меояд
Сарвазири Русия ба Тоҷикистон меояд
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Маскав бо муовини вазири умури хориҷии Русия масъалаи сафари дарпешистодаи сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин ба Тоҷикистнро баррасӣ кард
2023-01-25T09:02+0500
2023-01-25T09:02+0500
2023-02-14T15:46+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
сарвазир
михаил мишустин
сафорат
сафир
дар русия
сафари михаил мишустин ба тоҷикистон - охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054458357_0:0:2943:1655_1920x0_80_0_0_71d507ec3f66482e72008a8254b500e1.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар аввали моҳи март ба Душанбе сафар хоҳад кард, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар ФР.Тибқи иттилои манбаъ, масъалаи сафари дарпешистодаи сарвазири Русия ба Тоҷикистон ахиран дар Маскав зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Михаил Галузин баррасӣ шуд.Ҳазамон қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо вазъ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Русия дар бахшҳои мухталифро баррасӣ карданд.Ҳамчунин тарафҳо дар ин мулоқот дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.Манбаъ қайд кардаст, ки мулоқоти тарафҳо дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардид.Маврид ба зикр аст, ки Маскаву Душанбе шарикони стратегӣ буда, Русия солҳост, ки калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ мондаст.
https://sputnik.tj/20230124/sobiq-vaziri-tojik-muhojirat-rusiya-tahsilro-oyandador-1054440561.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054458357_212:0:2943:2048_1920x0_80_0_0_0c233bd19d88e94b084627cb46bf198c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, сарвазир, сафар, сафир, сафорат, михаил мишустин
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, сарвазир, сафар, сафир, сафорат, михаил мишустин
Сарвазири Русия ба Тоҷикистон меояд
09:02 25.01.2023 (Навсозишуда: 15:46 14.02.2023) Сафири Тоҷикистон дар Маскав бо муовини вазири умури хориҷии Русия масъалаи сафари дарпешистодаи сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин ба Тоҷикистнро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар аввали моҳи март ба Душанбе сафар хоҳад кард, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар ФР.
Тибқи иттилои манбаъ, масъалаи сафари дарпешистодаи сарвазири Русия ба Тоҷикистон ахиран дар Маскав зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Михаил Галузин баррасӣ шуд.
“Ҷонибҳо зимни мулоқот ба сафари қарибулвуқӯъи сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон, ки дар аввали моҳи марти соли равон дар назар аст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳазамон қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо вазъ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Русия дар бахшҳои мухталифро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин тарафҳо дар ин мулоқот дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.
Манбаъ қайд кардаст, ки мулоқоти тарафҳо дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Маскаву Душанбе шарикони стратегӣ буда, Русия солҳост, ки калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ мондаст.