https://sputnik.tj/20230125/sarmo-afghoniston-sharhi-vazir-tolibho-1054486357.html
Теъдоди куштаҳо аз сармо дар Афғонистон бештар шуд: шарҳи вазири толибҳо
Теъдоди куштаҳо аз сармо дар Афғонистон бештар шуд: шарҳи вазири толибҳо
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди талафоти ҷонӣ миёни инсонҳо ва ҳайвонот дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон бар асари сармои шадиди ҳафтаҳои охир афзоиш ёфтааст
2023-01-25T20:00+0500
2023-01-25T20:00+0500
2023-01-25T20:00+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
иҷтимоъ
толиб
сардӣ
барф
қурбонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102754/40/1027544057_0:171:1920:1251_1920x0_80_0_0_c181ec9174c0829a637c265a1abb6157.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Шумораи таъйидшудаи қурбониёни сармои ахир дар Афғонистон ба 124 нафар расидааст, иттилоъ дод вазири ҳолатҳои изтирории ҳукумати толибҳо, Муҳаммад Аббос Охунд. Ба гуфтаи ӯ, таъдоди талафот миёни ҳайвонот дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон аз сардӣ дар сатҳи 70 ҳазор сар қарор дорад. Дар ҳамин ҳол сокинони Афғонистон мегӯянд, ҳеч кумаке аз толибҳо нагирифтаанд ва ҳукуматашон тавони ёрӣ ба ниёзмандонро надорад. Дар ҳоле, ки созмонҳои байналмилалии ёрирасон низ ба далели манъи кори занон фаъолияташонро дар Афғонистон мутаваққиф кардаанд. Муҳаммад Аббос Охунд дар мавриди маҳдудияти кори занон дар созмониҳои ғайриҳукуматию байналмилалӣ изҳор доштааст, ки он бардошта нахоҳад. шуд. Вай аз ҷаҳониён даъват намудааст, ки фарҳанги Афғонистонро эҳтиром кунанд. Маҳдудияти кори созмонҳои хайриявӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи толибҳо тайи ҳафтаҳои охир дар бештари вилоятҳо дамои ҳаво “фавқулода” сард будааст, аз ҷумла дар вилояти Ғур ҳарорати ҳаво 33 дараҷа хунукӣ расидааст.Манобеи маҳаллӣ аз набуди имконоти ҳаддиақале барои муқобила бо сармо ва ҷилавгирӣ аз талафот шикоят доранд ва гуфтаанд, ки мақомҳои маҳаллии толибҳо ҳеҷ тадбире барои расидагӣ ба мушкилот надоранд.Маврид ба зикр аст, ки сармои шадид тайи ҳафтаҳои охир тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро низ фаро гирифта, мушкилоте дар бахши об, барқ ва мусофирбариро ошкор кард. Дар ҳамин ҳол ҳавошиносон мегӯянд, рӯзҳои охири моҳи январ нисбатан гарм омада, боришоти сахт дар назар нест.
https://sputnik.tj/20230120/sardi-sukhtor-sughd-ziyod-kardast-1054376185.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102754/40/1027544057_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_1a7934ba2ce9a1afe9d82d0a7d3c9791.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, қурбониён, сармо, афғонистон
афзоиш, қурбониён, сармо, афғонистон
Теъдоди куштаҳо аз сармо дар Афғонистон бештар шуд: шарҳи вазири толибҳо
Теъдоди талафоти ҷонӣ миёни инсонҳо ва ҳайвонот дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон бар асари сармои шадиди ҳафтаҳои охир афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Шумораи таъйидшудаи қурбониёни сармои ахир дар Афғонистон ба 124 нафар расидааст, иттилоъ дод вазири ҳолатҳои изтирории ҳукумати толибҳо, Муҳаммад Аббос Охунд.
Ба гуфтаи ӯ, таъдоди талафот миёни ҳайвонот дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон аз сардӣ дар сатҳи 70 ҳазор сар қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол сокинони Афғонистон мегӯянд, ҳеч кумаке аз толибҳо нагирифтаанд ва ҳукуматашон тавони ёрӣ ба ниёзмандонро надорад. Дар ҳоле, ки созмонҳои байналмилалии ёрирасон низ ба далели манъи кори занон фаъолияташонро дар Афғонистон мутаваққиф кардаанд.
Муҳаммад Аббос Охунд дар мавриди маҳдудияти кори занон дар созмониҳои ғайриҳукуматию байналмилалӣ изҳор доштааст, ки он бардошта нахоҳад. шуд. Вай аз ҷаҳониён даъват намудааст, ки фарҳанги Афғонистонро эҳтиром кунанд.
Маҳдудияти кори созмонҳои хайриявӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи толибҳо тайи ҳафтаҳои охир дар бештари вилоятҳо дамои ҳаво “фавқулода” сард будааст, аз ҷумла дар вилояти Ғур ҳарорати ҳаво 33 дараҷа хунукӣ расидааст.
Манобеи маҳаллӣ аз набуди имконоти ҳаддиақале барои муқобила бо сармо ва ҷилавгирӣ аз талафот шикоят доранд ва гуфтаанд, ки мақомҳои маҳаллии толибҳо ҳеҷ тадбире барои расидагӣ ба мушкилот надоранд.
Маврид ба зикр аст, ки сармои шадид тайи ҳафтаҳои охир тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро низ фаро гирифта, мушкилоте дар бахши об, барқ ва мусофирбариро ошкор кард.
Дар ҳамин ҳол ҳавошиносон мегӯянд, рӯзҳои охири моҳи январ нисбатан гарм омада, боришоти сахт дар назар нест.