Футболбози дигари тоҷик ба тими Ӯзбекистон пайваст

© Pixabay Женский футбол, архивное фото
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Обуна шудан
Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол бо бошгоҳи ӯзбекистонӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст, ки як сол амал хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Футболбози тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимов бо дастаи "Насаф"-и Қаршӣ дар Ӯзбекистон пайваст.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки қарордоди ҳамкорӣ аллакай ба имзо расидаст.
Ба иттилои манбаъ, нимҳимоятгари 24-солаи тими миллии Тоҷикистон дар ҳайати бошгоҳи "Насаф"-и Қаршӣ дар мавсими нави Суперлигаи Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Зикр гардидааст, ки шартномаи Муҳаммадҷон Раҳимов бо "Насаф" то охири соли 2023 муҳлат дорад.
Юные футболисты НУР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Дар макотиби чор шаҳри Тоҷикистон синфҳои махсуси футбол ташкил мешаванд
Қаблан Раҳимов дар тимҳои "Равшан", "Ҳосилот" ва "Истиқлол"-и Тоҷикистон, инчунин дар "Ордабаси"-и Қазоқистон бозӣ кардааст.
Ба иттилои ФФТ, Муҳаммадҷон Раҳимов аз соли 2016 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад ва дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 42 вохӯрӣ анҷом дода, ду голро ба ҳадаф расондааст.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир гузариши футболбозони тоҷик бо тимҳои гуногуни қораҳои олам, аз Осиё то Аврупо майли афзоиш дорад.
Нархи умумии бозигарони тими миллии футболи Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст, бармеояд аз додаҳои "Transfermarkt". Қаблан бар асоси додаҳои ин пойгоҳ, арзиши Муҳаммадҷон Раҳимов 250 ҳазор евро арзёбӣ гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0