Филмҳои тоҷикӣ дар Мумбай намоиш дода мешаванд

© "Таджикфильм"Национальная кинопремия в Таджикистане
Национальная кинопремия в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Обуна шудан
Ба барномаи ҷашнвораи синамои СҲШ 2 филми офаридаи “Тоҷикфилм” дохил шуд, директори киностудияи мазкур дар ҳайати доварони ҷашнвора хощад буд
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар ҷашнвораи синамои СҲШ дар Мумбай филмҳои тоҷикӣ намоиш дода мешаванд, хабар медиҳад Вазорати иттилоот ва радиои Ҳиндустон.
Ба барномаи озмун 2 филми истеҳсолкардаи “Тоҷикфилм” дохил шуд.
Инҳо асари Муҳиддини Музаффар "Дов", 2022 ва филми Муҳаммадрабӣ Исмоилов "Охирин саиди сайёд", 2021 мебошанд.
Ҳарду асар ба сарнавишти мардуми оддӣ дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум бахшида шуда, ҳарду барандаи ҷоизаи миллии синамои "Тоҷи Сомон" гардидаанд.
Ба филми Умедшо Мирзоширинов дар ҷашнвораи Маскав баҳои баланд доданд – видео
Филмҳо борҳо дар фестивалҳои хориҷӣ низ намоиш дода шудаанд.
Дар ҳайати ҳакамони чорабинӣ мудири "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён ҷой мегирад.
Ҷашнвораи филмҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз 27 то 31 январ дар Мумбай, бузургтарин шаҳри Ҳинд ва маркази синамои маҳаллӣ баргузор мешавад.
Барномаи чорабинӣ дар бахшҳои гуногун филмҳои Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркия, Миср, Мянмар, Шри-Ланка, Арманистон, Озарбойҷон, Белорусро дар бар мегирад.
Ду ҷоизаи филми коргардони тоҷик дар ҷашнвораи синамои Маскав
Дар ин ҷашнвора дар маҷмӯъ беш аз 55 филм намоиш дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0