Даргузашти адабиётшиноси маъруфи тоҷик Мирзо Муллоаҳмад

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина молится на кладбище
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Обуна шудан
Ҳамкорони марҳум аз Фарҳангистони миллии улум дар робита ба даргузашти адабиётшиноси саршиноси тоҷик ва эронӣ изҳори ҳамдардӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳо Мирзо Муллоаҳмад дар даргузашт.
Ин ҳодисаи фоҷиабор субҳи 25 январ рух дод, хабар доданд ҳамкорони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Адабиётшинос 75-сол дошт.
Интизор меравад, ки маросими видоъ соати 13:00 дар назди манзили ӯ дар ноҳияи 82-и пойтахт баргузор шавад.
Мирзо Муллоаҳмад яке аз донишмандони маъруфи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон ёдовар шуд, ки Мирзо Муллоаҳмад (Муллоаҳмадов) аз пурмаҳсултарин донишмандони тоҷик буд, ки беш аз 450 асари илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба мерос гузоштааст.
Аз ҷумла ҳудуди 200 мақола, 12 монография ва 30 маҷмӯаи Мирзо Муллоаҳмад ба мавзуъи эроншиносӣ бахшида шуда, беш аз 30 осори ӯ дар Эрон мунташир шудааст. Ӯ яке аз муаллифони "Фарҳанги адабии форсӣ" (Эрон) аст.
Мирзо Муллоаҳмад барандаи Ҷоизаи Муҳаммад Осимӣ мебошад. Мирзо Муллоаҳмад (Муллоаҳмадов) 20 феврали соли 1948 дар деҳаи Дардори ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст.
Соли 1969 пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба шӯъбаи шарқшиносӣ ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон дохил шуда, то соли 1993 дар он ҷо кор кардааст.
Даргузашти профессори дорусози тоҷик
Баъд аз он корманди калони илмӣ, мудири шӯъбаи таърих ва адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд.
Аз соли 2000 то соли 2004 мудири шӯъбаи созмони илмӣ ва аз соли 2005 муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буд. Мирзо Муллоаҳмад масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти форс-тоҷик ва эроншиносиро мавриди омӯзиш қарор додааст.
Лентаи хабарҳо
0