"Адмирал Горшков" бо "Сиркон" дар Атлантика "зарба" зад - видео

Обуна шудан
Дар қисми ғарбии баҳри Атлантика фрегати "Адмирали Флоти Иттифоқи Шӯравӣ Горшков" бо мушаки дурпарвози "Сиркон" ба ҳадафи шартӣ дар баҳр, зарба зад
Фрегати "Адмирал Горшков* бо мушаки "Сиркон" ба ҳадафи баҳрӣ дар қисми ғарбии Атлантика зарба заданро тамрин кард, хабар дод Вазорати мудофиа.
Киштии душмани шартӣ дар масофаи бештар аз 900 километр ҷойгир буд.
"Экипажи фрегати "Адмирали Горшков", ки дар навоҳии ғарбии уқёнуси Атлантик амал мекунад, истифода бурдани яроқи мушакии дурпарвозро машқ кард", - омадааст дар хабарнома.
Вазорати дифои Русия видеои нобудсозии танки артиши Украинаро нашр кард
Зарбазании ҳадаф тариқи компютер кор карда шуд.
*"Адмирали Флоти Иттифоқи Шӯравӣ Горшков" киштии ҳозиразамони дорои мушаки идорашаванда мебошад. Ӯ дар соли 2018 ба Флоти баҳрӣ пазируфта шуд ва дар соли 2021 барои истифодаи мушакҳои дурпарвози "Сиркон" такмил дода шуд.
Ин мушакҳо бо кафолат, ҳама гуна системаҳои муосир ва пешрафтаи дифоъи ҳавоӣ - дифоъи зиддимушакиро мағлуб мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0